Ароису-л-хавотир ва нафоису-н-наводир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Ароису-л-хавотир ва нафоису-н-наводир» (ар. عرائس الخواطر و نفائس النوادر‎) — қадимтарин маҷмӯаи номаҳо ба забони форсӣ ва арабӣ, ки Рашиди Ватвот дар асоси бахше аз муншаоти худ тартиб додааст.

Дар миёнаи с-ҳои 1156 — 73 тадвин шудааст. «Ароису-л-хавотир ва нафоису-н-наводир» аз номаҳое иборат аст, ки ба халифаи Бағдод, вазирони ӯ, подшоҳони бузурги он замон, Султон Санҷар, ходимони дарбор, вазирон, қозиҳо ва дигарон навишта шудаанд. Номаҳо ба забони арабӣ ва форсӣ (25-тоӣ) мебошанд. Дар поёни номаҳои арабӣ ва ҳам форсии тоҷикӣ таҳти унвони «руқъае чанд мӯҷаз» номаҳои кӯтоҳи арабӣ ва форсии тоҷикӣ (5-тоӣ) ҷой дода шудаанд. Миқдори номаҳо дар баъзе нусхаҳои «Ароису-л-хавотир ва нафоису-н-наводир» бештаранд.

Номаҳо ба таври куллӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  • расмӣ ё девонӣ (давлатӣ), ки онҳоро дар истилоҳи муншиён «султониёт» меномиданд;
  • ғайрирасмӣ ё дӯстона, ки «ихвониёт» номида мегуфтанд.

Номаҳои расмӣ, фармонҳо, дастурҳо ба ҳукмронони тобеъ ва фатҳномаҳоро дар бар гирифтаанд. Ду нусхаи аксии «Ароису-л-хавотир ва нафоису-н-наводир» дар китобхонаи миллии ҶИЭ маҳфузанд, ки асли ҳарду дар Туркия (ш. Қуния) нигаҳдорӣ мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ароис-ул-хавотир ва нафоис-ун-наводир / М. Нарзиқул // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
  • Мисбоҳиддини Нарзиқул, Таърих ва назарияи номанигорӣ (аз қадим то замони Амир Хусрави Деҳлавӣ), Д., 2009.