Арфа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арфа

Paraguayan harp 1

сози тории мусиқиест, ки ба гурӯҳи созҳои мизробӣ дохил шуда, онро бо ангуштон «чанг» зада менавозанд. Тавре маълум аст, намунаҳои одитарини сози мазкур ҳанӯз 3 ҳазор сол муқаддам дар Мисри қадим, Оссурия ва Бобул маъмул буд ва дар арфаҳои миёна сози дӯстдоштаи трубадурону миннезингерҳо дониста мешуд.

Арфа баъди дигаргуниҳои зиёде ба худ намуди ромби секунҷаро гирифтааст. Арфаи ҳозиразамонро дар аввали а. XIX С. Эраро бо механизми мураккаби педалдор ихтироъ намуд, ки вай аз 47 тор иборат буда, дар сози гаммаи До-бемол мажор ба тарзи диатонӣ ҷӯр карда мешавад. Дар он садобарории баъзе торҳоро ҳатто ба ним ё як парда (тон) бардоштан мумкин аст. Дар Арфа асосан тарзу усули садобарории глиссандо, аккордҳо ба тарзи арпеҷо, пассажҳои тез хеле қуллай мебошанд. Азбаски арфа бо ду даст навохта мешавад, навозиши (партияи) онро низ дар ду хати нотагоҳ навишта мекунанд. Диапазони Арфа 6 1/2 октаваро дар бар мегирад. Арфа асосан сози аккомпаниркунанда мебошад, вале дар оркестр баъзан ба он якканавозӣ низ супурда мешавад. Ин мисол дар асари Н. Римский – Корсаков «Испанское капричио», балетҳои А. Глазунову, П. Чайковский (дар якканавозии каденсияҳо) хеле возеҳу дилнишин аст. Ғайр аз ин композиторон барои Арфа асарҳои калонҳаҷм низ эҷод намудаанд. Консертҳои барои Арфа эҷодкардаи Г. Ҳенделу Р. Глиэр, инчунин «Интродуксия ва аллегро»-и М. Равел далели гуфтаҳои болояд. Номҳои арфанавозони чирадаст М. Гранжани (франсуз), К. Салседо (амрикоӣ) ва мутрибони замони Шӯравӣ К. Эрдели, В. Дулова дар таърихи арфанавозӣ маълуму машҳуранд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.38-39. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)