Арғушти масхарабозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Арғишти масхарабозӣ)
Рақси мардона, акси соли 2010

Арғушти масхарабозӣ – як навъ рақси мазҳакаомез мебошад, ки онро ҳам мардон ва ҳам занон иҷро мекунанд.

Тавсифи мухтасар[вироиш | вироиши манбаъ]

Арғушти масхарабозӣ яке аз қадимтарин нишонаҳои жанри мазҳака дар эҷодиёти бадеии халқи тоҷик аст, ки эҳсос ва ҷаҳонбиниро тавссути бадан, дасту по, имою ишора, ҳолати изтиробу нишот тасвир мекунад. Он дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ бисёр иҷро шуда, вобаста ба шароити ҷуғрофӣ, таърихӣ ва иҷтимоии ҳаёти халқ ташаккул ва рушд ёфтааст. Иҷрокунандаи рақс нуқсони ҷисмонии баъзе одамон: танбалӣ, фарбеҳӣ, лангидан ва ғайрарро мазҳакаомез танқид мекунад. Баъзе иштироккунандагон ҷомаи куҳна мепӯшанд, дар сарашон салларо ба тарзи хандаовар мебанданд, ба рӯяшон сиёҳии дег ё ранг мемоланд. Арғушти масхарабозӣ бо вазни мусиқии 2/4, 5/8, 6/8, 7/8 дар водии Кӯлоб; бо вазни 2/4,3/4, 4/4 дар вилояти Суғд ва бо вазни мусиқии 2/4, 6/8 дар вилояти Бадахшон иҷро мешаванд. Дар Бадахшон чунин рақс дар иҷрои ду мард сурат мегирад, ки яке аз онҳо нақши занро иҷро мекунад. Раққоси мазкур ҳатман либоси занона (курта, пойҷома) пӯшида, сарашро бо руймол пӯшонда, бо як нӯги рӯймол ба ҷуз аз чашмонаш, рӯйи худро мепӯшонад. Мард ҳаракатҳои рақси занонаро шӯхиомез тақлид мекунад. Баъзе ҳаракат ва имову ишораи занонро бо тариқи ҳаҷв тасвир менамояд: қадамҳои хурд-хурд мегузорад, чашмак мезанад каллаашро хам мекунад ва ғайра. Мазмуни ин рақс мазҳакомез буда, дар он вохӯрии аспсавор дар роҳ бо як зани ношинос нишон дода шудааст. Аспаксавор бо аспи чӯбин аз ин тарафу он тарафи зани ношинос рақскунон чарх мезанад ва кӯшиш мекунад, ки рӯйи занро бинад. Марди дуюме, ки нақши занро иҷро менамояд, бо тамоми маҳорат рӯйи худро бо рӯймоли калон пинҳон карда, ба аспсавор нозу карашма мекунад ва баъдтар бо ӯ ба рақс медарояд. Дар охири рақс, вақте ки аспсавор ба ӯ наздик мешавад, зан рӯймолро аз сар гирифта, рӯйи мардинаи худро нишон медиҳад. Дар ин ҳолат аспсавор шарманда шуда, бо аспаш ғайб мезанад. Ин арғушти масхарабозӣ ҳам ҷанбаи тарбияи аҳлоқӣ дошта, ҳам ба хуш кардани табъи мардум дар маъракаву нишастҳо иҷро мегардад. Агар баръакс дар арғушти масхарабозӣ раққосаи асосӣ зан бошад, ҳатман ӯ либоси мардона (шим, курта, ҷома) пӯшида, сарашро бо салла мепечонад, ё тоқӣ мепӯшад. Раққоса ҳаракатҳои рақси мардонаро тақлид мекунад: дастҳоро бардошта, шӯхомез ҷасуриашро нишон медиҳад, қадамҳои калон-калон мемонад, каллаашро меҷунбонад. Иҷрокунандаи рақси мардона ба рақс занҳоро таклиф мекунад ва онҳоро мехоҳад ба оғӯш гирад. Дар ҷараёни рақс тамошобинон ба раққосаи «мардшуда» луқамҳо мепаротоянд ва шӯхиҳо мекунанд. Рақси мазҳакавии «Кочбазай» яке аз вариантҳои арғушти масхарабозӣ мебошад. Дар он рақс аз тарафи ду мард, марду зан ё ду зан иҷро карда мешавад. Дар фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии марбут ба фарҳанги мардум борҳо арғушти масхарабозӣ ба саҳна гузошта шуда, аз ҷониби доварон ва бинандагон баҳои баланд гирифтааст.[1]

Маҳалли густариш[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон усулҳои арғушти масхарабозии кӯҳистонӣ ва даштӣ: бадахшонӣ, кӯлобӣ, ҳисорӣ, раштӣ, суғдӣ ва бухороӣ маъмул аст.[1] дар минтақаҳои ноҳияҳои Кӯлоб, Ғарм, Панҷакент, Истаравшан фаъол аст[2].

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 32-33. – 280 с.
  2. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. (ба заб. тоҷикӣ ва англисӣ). – Душанбе:«Адиб», 2016. – 352 с - С.11