Jump to content

Аскар Абдураҳмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аскар Абдураҳмонов
Таърихи таваллуд 15 март 1937(1937-03-15) (87 сол)
Зодгоҳ деҳаи Шидз, ноҳияи Рӯшон
Фазои илмӣ санъатшиносӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи ш. Москва
Ҷоизаҳо
Медали ҷашнии «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин»

Аска́р Абдураҳмо́нов (тав. 15 марти 1937, деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон) — санъатшинос, профессор (1993), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи ш. Москва (1960). Муддате дар театри мусиқию мазҳакавии вилоятии шаҳри Хуҷанд ва Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ чун актёр фаъолият намудааст. Солҳои 1962 — 65 аспиранти Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Москва, 1965 — 71 муҳаррири ҳайати таҳририя ва барномасозии Вазорати маданияти Тоҷикистон, 1971—2004 муаллими калон, дотсент, декани факултети санъат, мудири кафедраи маҳорати актёрӣ, 2004 — 05 ноиби ректор оид ба таълими ДДСТ ба номи М. Турсунзода буд. Доир ба масъалаҳои театри тоҷик, роҳҳои баланд бардоштани маҳорати актёрӣ, ҳаёту фаъолияти як зумра ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ беш аз сад асару мақола навиштааст.

Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Собиқадори меҳнат» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

  • Путь к сцене, Д., 1966;
  • Гурминдж Завқибеков, Вильнюс, 1978;
  • Рустами саҳнаи тоҷик, Д., 1990;
  • Паҳлавони се майдон, Д., 2005;
  • Ифтихори саҳнаи тоҷик, Д., 2008.