Аслам Адҳам
Аслам Адҳам | |
Таърихи таваллуд: | 18.10. 1939 |
Зодгоҳ: | шаҳри Самарқанд |
Таърихи даргузашт: | 1 июни 2000 |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Аслам Адҳам - шоир,нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аслам Адҳам 18 октябри соли 1939 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсили нопурра кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар нашриёти «Ирфон», рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон», «Маориф ва маданият », Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, Радиои тоҷик, Хонаи эҷодиёти халқ ва ғ. фаъолият бурдааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Хонандагон аз соли 1959 бо навиштаҳои манзуми ӯ шиносанд. Фаъолияти асосии эҷодии ӯ тарҷумонӣ буда, зиёда аз 50 асари манзуму мансур ва драмавии адибони ҷаҳонро ба тоҷикӣ гардондааст. Беҳтарин тарҷумаҳои ӯ «Ёдгорӣ»-и А.С.Пушкин, «Палангинапӯш»-и Шота Руставели, «Василий Тёркин»-и А.Твардовский, эпоси қирғизии «Манас», «Гуфтор аз полки Игор», «Эдипшоҳ»-и Софокл, «Абри шалворпӯш»-и В.Маяковский, «Роҳзанон»-и И.Шиллер ва ғ. мебошанд. Соли 1979 «Касби ман – ифтихори ман» ном китоби очерку мақолаҳои публисиcтияшро ба чоп расонда, соли 1980 либреттои операи «Ғуломон»-ро навиштааст. Тарҷумаи «Манас»-и ӯро соли 1996 нашриёти «ал-Ҳудо» (Теҳрон) мунташир сохтааст.[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 18 ISBN 978-99947-2-379-9