Jump to content

Астағфируллоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Астағфируллоҳ (ар. أَسْتَغْفِرُ ٱللَّٰهَистиғфор — вожа ва таъбири қуръонӣ, ки ба маънои талаби омурзиш ва бахшоиш аз Худованд аст.

Бар пояи таълимоти Ислом Худованд боргоҳи раҳмат ва дари навозишҳои хешро бар рӯи бандагон аз тариқи барномаи истиғфор боз гузошта, то пас аз иртикоби гуноҳе ва ё барои касби файз ва наздикии бештаре бо ин роҳ ба сӯи ӯ руҷӯъ намоянд. Вожаи астағфируллоҳ ба маънои васеаш баёнгари василаи амалӣ ва ё барномаи комиле барои рушди маънавӣ ва сайри тадриҷии инсон дар маротиби камол ва ба сӯи Худо аст. Истиғфор маънои дигари тавба буда, дар ривоятҳои суннат маъмулан бо ибораи «Астағфируллоҳа раббӣ ва атубу илайҳ» зикр мегардад ва аз назари аҳли таҳқиқ бояд бо шартҳо ва ё қисматҳои амалии зерин ҳамроҳ бошад: пушаймонӣ аз гузашта ва ё кори анҷомшуда, худдорӣ аз гуноҳ ва тарки он, истиғфор ва талаби омурзиш аз он ва бозгашт ба сӯи Худо. Ин таъкид бар ҳақиқати амалии астағфируллоҳ — ҳамроҳӣ бо тавба ва амали солеҳ аз таълимоти Қуръон ва Суннат бархостааст.

Таъбири астағфируллоҳ дар таносуб бо сиёқи оятҳо ба маъноҳои дигаре низ тафсир шудааст, ки бо маънои куллии ин во­жа ба гунае дар иртиботанд. Масалан, он дар ояти 52 сураи Ҳуд ба маънои имон, дар ояти 3 сураи Наср ба маънои хузӯъ дар пешгоҳи Худованд ва дар ояти 33 сураи Анфол ба маънои имон овардан ва гаравидан ба дини Худо тафсир шудааст.

Дар фароянди ифодоти вожаи астағфируллоҳ дар Қуръон ва Суннат гоҳе аз истиғфори пайғамбарон барои худ ва ё барои дигарон, гоҳе аз истиғфори муъминон ва гоҳе ҳам аз истиғфори фариштагон ва мавҷудоти дигар барои муъминон сухан ба миён омада ва дар бештари мавридҳо Худованд истиғфоркунандагонро ба раҳмату мағфирати худ башорат додааст.

Истиғфор дар ҳар замон ва маконе писандида аст, вале дар таълимоти Қуръон ва Суннат бар истиғфор дар саҳаргоҳон ва баъзе муносибатҳои дигар таъкиди бештар шудааст. Сиғаи «Астағфируллоҳа раббӣ ва атубу илайҳ» аз машҳуртарин таъбирҳо дар боби истиғфор ба шумор меравад, вале муштаққоти дигари он низ дар Қуръон ба касрат ба кор рафтаанд, ба монанди: «Раббиғфир», «ғуфронака Раббано» ва ғайра. Илова бар ин, Қуръони Карим истиғфорро заминаи ҷалби баракот ва раҳмати Худованд дар зиндагӣ, омили рушди иқтисодӣ, имдод бо молу фарзанд, фаровонии ризқ ва сабаби дур шудани азоб ва сахтиҳо аз кишвар мешиносонад, он ҷо ки мефармояд: «Ба онҳо гуфтам, ки аз Парвардгоратон мағфират бихоҳед, ки ӯ бисёр омурзанда аст, осмон (борон)-ро бар шумо бо фаровонӣ мефиристад ва шуморо бо молҳо ва фарзандон имдод менамояд ва бароятон боғҳо ва наҳрҳо мегардонад!» (71:10-12).