Аллоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Portal.svg     Folder Hexagonal Icon.svg     Wiktionary-logo-ru.png     Wikiquote-logo.svg     Wikisource-logo.svg     Wikinews-logo.svg     Commons-logo.svg
Номи илоҳӣ ба забони арабӣ у тамғаи Оллоҳ ба дини исломӣ

Аллоҳ (арабӣ: الله Садо [ʔalˤːɑːh]) — дар ислом номи Худои якка ва ягона ҳаками Рӯзи қиёмат, ки ба одамон фиристодаи худро Муҳаммад салаллоҳро равон кард. Дар калимаи Шаҳодат чунин навишта: «Нест Худо ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи ӯст» ё ин тавр ҳам мумкин «Худо як ва ягона аст ва Муҳаммад пайёмбари ӯст». дар забони арабӣ:

Ашҳаду алла илаҳа илла Ллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулу Ллоҳ

Шаҳодат

Решашиносӣ[вироиш]

Дар решаёбии вожаи онро ташкил шуда, аз ду бахши он (алиф ва лом таъриф) + ла(изд ва ё маъбуд) медонанд.

Аллоҳ калимаи арабӣ буда, аз артикли муаян ва исми илоҳ таркиб шудааст, ки ин маънии Худои яккаро ифода мекунад. Асосан дар забони арабӣ артикли муаяни (ал-ال) барои муаянсохтани исме истифода мегардад. Исми Аллоҳ дар забони ибрии қадима ба ин шакл талаффӯз шуда, дар миёни мардум истифода мегардид: Иллаҳ

Аллоҳ дар Қуръон[вироиш]

Мувофиқи ақидаи ислом, Қуръон — сухани Аллоҳ, ки ба пайёмбар Муҳаммад салаллоҳ равона шудааст, бевосита ё ба воситаи малоика (фаришта) Ҷаброил. Қиёфаи Аллоҳ решаи асосии таблиғи Қуръон аст; ҳам дар давраи маккагӣ, ва ҳам дар давраи мадинагӣ хислатҳои асосии Аллоҳ бе тағйир монд. Яке аз муҳимтарин мавзӯоти Қуръон — якка ва ягонагии Аллоҳ аст.

Исми Аллоҳ[вироиш]

Мақолаи асосӣ: 99 исми Аллоҳ

Дар ислом расмӣ фаҳмиши муайянкунандаи исми Аллоҳ вуҷуд дорад. Ҳамаи ин номҳо қиёфаи Аллоҳро дар офаридани олам ва ҳастии ӯ дар он ифода мекунад. Яъне, ба номҳои зиёди Аллоҳ нигоҳ накарда, ҳамаи онҳо танҳо ба ӯ тааллуқ доранд. Онҳоро шабеҳ додан ба сифати офарид мумкин нест. Дар яке аз ҳадиси пайёмбар Мӯҳаммад салаллоҳ чунин навишта: «Аллоҳ дорои наваду нӯҳ ном аст, як кам сад. Касе, ки онҳоро номбар кардан гирад — дохили Биҳишт мегардад»[1]. Мисол, номҳои Аллоҳ, ки дар Қуръон ёдовар шудаанд Ар-Рабб (Ҷаноб), Ар-Раҳмон (Меҳрубон), Ар-Раҳим (Раҳмдил), Ал-Ҳайй (Зинда), Ал-Аҳад (Ягона) ва ҳоказо. Номи Аллоҳ бо наваду нӯҳ ном маҳдуд намеёбад зеро номҳои дигари ӯ дар Қуръон ва Суннат ёдовар нашудаанд.

Нигаред[вироиш]


Динҳову мазҳабҳо[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

бо забони русӣ
  • Батыр Р. Вместо реформы. Сборник статей. — ИД «Медина». — 2007. — С. 176. — 176 с. — P. 176.

Сарчашма[вироиш]

  1. Сборники Бухари и Муслима