Астиаг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Астиаг (юн.и қадим astyqes) — охирин шоҳи Давлати Мод, ки пас аз фавти падараш Киоксар соли 585–550 то мелод ҳукм рондааст. Дар ибтидои ҳукмрони Астиаг давлати Мод орому осуда буд, вале тадриҷан бар асари он ки шоҳ ба шикор ва ишрат дилбастагии афзун дошта, бештари вақти худ ва дарбориёнашро сарфи хушгузарониҳо мекард, норозигии мардум ба вуҷуд омад. Ҳамчунин мухолифати ӯ бо ашрофи Мод низ тақвият гирифт. Аз нохушнудии мардуми Мод нисбат ба подшоҳашон Астиаг истифода намуда, ҳокими Порс – Куруши Кабир – бобои модарии Астиаг ба сарзамини Мод лашкар кашид. Муҳориба се сол тӯл кашид; дар ин байн Астиаг чанд маротиба бар лашкари Куруш дастболо ҳам шуд, вале оқибат бар асари хиёнати лашкариёнаш сипоҳи Астиаг шикаст хӯрд. Охирин муҳорибаи шадид байни порс ҳо ва модҳо дар даромадгоҳи давлати Мод – ш. Экбатан (Ҳамадони имрӯза) соли 550 то мелод рух дод, ки дар он сипоҳиёни Астиаг ба ҳалокат расида, худи ӯ асир афтод. Давлати таназзулёфтаи Модҳо барҳам хӯрд ва сулолаи Ҳахоманишиён пойдор гардид. Дар бораи тақдири мин баъдаи Астиаг маъхазҳои таърихӣ хилофи назар доранд; гурӯҳе бар онанд (Ҳеродот), ки Астиаг дар зиндони порсҳо фавтида ва бархе (Ктесий) бар он ақидаанд, ки Астиагро Куруши Кабир ҳокими Порт ва иддае даъво доранд, ки ҳукмрони Гургон таъйин карда будааст.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.35
  • لیمکت رصان ؛۱۹۹۴ ،نارهت.۱ دلج.ناریا ۀلاسرازه هد خیرات.یاضر میظعلادبع
  • ۲۰۰۲ ،نارهت.هاگن کی رد ناریا خیرات.نویامه.

Пайвандҳои буруна[вироиш | вироиши манбаъ]