Асҳоби Айка
АСҲÓБИ АЙКÁ (арабӣ: أصحاب أیکه аз асҳоб ва Айка – номи қавм), номи яке аз қавмҳои пешин, ки дар достонҳои Қуръонӣ дар канори қавмҳои нобудгаштаи Самуд, Лут, Туббаъ, Фиръавн ва ғайра ҷой гирифта, дар сураҳои Ҳиҷр (15:78,79), Шуъаро (26:176–190), Сод (38:13) ва Қоф (50:14) дар бораи он гузориш дода шудааст. Асҳоби Айка ба фасодкорӣ, камфурӯшӣ, задан аз тарозу ва тақаллубкорӣ машғул буданд; роҳзанӣ ва таҳдиди роҳгузарон низ дар миёни онҳо маъмул гашта буд (Қуръон: 7:86). Онҳо ҳамчунин мекӯшиданд, ки садди роҳи даъвати аҳли имон шаванд. Шуайб (а) онҳоро ба парастиши Худои ягона, тақвои илоҳӣ ва ислоҳи он вазъ – пурра намудани паймона, баркаш бо тарозуи дуруст ва дурӣ аз роҳзанӣ фаро хонд ва аз оқибати бади ин фасоди ахлоқӣ ва зиёнкориҳои иҷтимоӣ, ки азоби илоҳиро дар пай дорад, барҳазар дошт. Асҳоби Айка даъвати ислоҳии Шуайб (а)-ро напазируфта, баръакс аз ӯ хостанд, ки агар дар ин таҳдидҳояш ростгӯ бошад, порае аз осмонро бар сари онҳо фуруд оварад. Ин буд, ки онҳоро азобе аз сӯи Худо бо номи азоби рӯзи зулла (абрпора) фаро гирифт ва бо ҳамин аз байн рафтанд. Қуръони Карим дар бораи Асҳоби Айка се навъи азобро дар оятҳои гуногун зикр кардааст, ки яке «сайҳа» (11:94) (садои маҳиб), дигаре «раҷфа» (7:91) (ларзиши замин) ва сеюм «оташе аз он абрпора» (26:189) аст. Аксари аҳли тафсир Асҳоби Айкаро бо асҳоби Мадян як донистаанд. Ин ба он ҷиҳат аст, ки дар ҳар ду маврид пайғамбари онҳо Шуайб (а) зикр шудааст ва дар бораи асҳоби Мадян низ дар сураҳои Аъроф (7:85–93), Тавба (9:70), Ҳуд (11:84–95), Ҳаҷ (22:44) ва Анкабут (29:36, 37) айнан ҳамон сифатҳои манфии рафторӣ ва зиёнкориҳои иҷтимоие зикр гардидаанд, ки аспи арабӣ аз онҳо наҳй шудаанд. Ба қавле «айка» номи дарахт ё дарахтзорест, ки аҳолии Мадян онро мепарастиданд; ба қавли дигар, он номи шаҳрест, ки қавми Шуайб (а) дар он зиндагӣ мекарданд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- الدکتورشوقیابوخليل. اطلسالقراناماکن،اقوام،اعلام. دمشق،۲۰۰۳؛
- قصصالانبياء. المنصورة،۱۹۹۷؛
- المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
- تفسيرالدرّالمنصور. القاهرة،۲۰۰۳؛
- الموسوعةالعربيةالعالمية. النسخةالالکترونية. الریاض،۲۰۰۴؛
- دائرةالمعارفبزرګاسلامی. تهران،۲۰۰۶؛
سامیابنعبدالله،اطلستاريخانبياءورسولان. ریاض،۲۰۰۶؛تفسیرالطبری. القاهرة،۲۰۰۷؛
- عفیفعبدالفتاح. داستانپیامبراندرقرآن(ترجمۀفارسی. ابوبکرحسنزاده)،تهران،۲۰۰۹.