Jump to content

Асҳоби Шимол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСҲÓБИ ШИМÓЛ (арабӣ: أصحاب الشِّمال аз асҳоб ва шимол), истилоҳи қуръонист ва нисбат ба онҳое гуфта мешавад, ки дар рӯзи ҳисоб номаи аъмолашон ба дасти чапашон дода мешавад (Қуръон: 69:25–27). Ҳамчунин гурӯҳеро низ номанд, ки номаи аъмолашон аз пушти сарашон ба онҳо дода мешавад. Ин гурӯҳ аз кофирони сархуш, такзибкунандагони рӯзи ҷазо, мухолифони паёмҳои дини Худо ва умуман, аз онҳое иборатанд, ки ба ҳеч арзиши динӣ ва меъёрҳои ахлоқие бовар ва пойбандӣ надоранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин тарзи зиндагониашон Қуръон онҳоро дар таъбире асҳоби машъама (нагунбахт) низ номидааст.

  • القرانالکریم. المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲،
  • ابوالفضلبهرامپور. تفسیریکجلدئمبین. قم،۲۰۱۰؛
  • مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،۲۰۱۱