Атто Муҳаммади Нур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Атто Муҳаммади Нур
Atta Muhammad Nur.jpg
 
Эътиқод: Ислом
Саннаи таваллуд: 1965
Ҳизб: Ҷамъияти исломии Афғонистон[d]

Атто Муҳаммади Нур (форсӣ: عطا محمد نور‎; маъруф ба Устод Ато, тав. 8 январи 1964, Мазори Шариф, вилояти Балх, Афғонистон) — волии вилояти шимолии Балх. Аз қавми тоҷик[1].

Зиндагинома[вироиш]

Атто Муҳаммади Нур 8 январи соли 1964 дар шаҳри Мазори Шариф ба дунё омада, ҳамон ҷо мактаби ибтидоӣ ва миёнаи «Бохтар»-ро дар соли 1983 ба поён расондааст. Ҳанӯз дар солҳои 80 ба ҳаракатҳои ҷиҳодӣ пайваст ва яке аз фармондеҳони аршад дар байни тарафдорони Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Устод Атто аз соли 2002 то 2017 волии Балх буд. Атто Муҳаммади Нур соли 2012 дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи "Танзими ҳуқуқии иттилооти тиҷоратӣ” рисолаи номзадиашро ҳимоя карда, ҳоло ба таҳияи рисолаи докториаш машғул аст.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Афганистан.Ру |  Атта Мохаммад Нур. Проверено 5 сентябри 2017.

Пайвандҳо[вироиш]