Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Афшин Муқим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Афшин Муқим
Ном ҳангоми таваллуд Афшин
Таърихи таваллуд 16 феврали 1992(1992-02-16) (34 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Самти фаъолият рӯзноманигор
Ҷоизаҳо

Афшин Муқим (зод. 16 феврали 1992, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — рӯзноманигори тоҷик, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2020). Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2018).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Афшин Муқим 16 феврали соли 1992 дар ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 2014 бо ихтисоси шарқшинос-филолог хатм кардааст[1].

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 2011—2012 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2012 то соли 2015 дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» фаъолият кардааст. Аз 3 феврали соли 2014 дар вазифаи котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад[1].

Аз соли 2018 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Афшин Муқим дар соли 2020 бо нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст[2].

  1. 1 2 Афшини Муқим – котиби матбуотии кумита. din.tj. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим (2 май 2014). 26 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 апрели 2021.
  2. ↑ Дар АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (11 марти 2020). 26 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 марти 2020.