Jump to content

Афғонанҷир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Афғонанҷир
Табақабандии илмӣ
ХАТО: параметри latin пур нашудааст.
Номи байнулмилалии илмӣ
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ ХАТО
Параметри latin пур нашудааст

Афғонанҷѝр (Ficus afghanistanica) — навъе аз анҷир. Буттааш сершохубарг, навдаҳояш сиёҳтоб ва суфта, 3–4 метр қад мекашад. Навдаҳои наврустааш зардчаи пашмакдор. Баргаш (дарозиаш 12–25 см, бараш 12–19 см) 3–5-парра, гирдаи дилшакл ва сермӯяк. Асосан дар бехи барг мева мебандад. Мевааш хурд (қутраш 1,5–4 см), гирда ё нокшакли зард ва бунафш. Апрел гул карда, мевааш июл–авуст мепазад (баъди пухтан намерезад). Меваашро асосан тар мехӯранд, мураббо мепазанд ва қисман мехушконанд. Мевааш шифобахш ва парҳии хуб аст. Онро дар тибби мардумӣ барои табобати нақси ҷигар, испурч, рӯда, узвҳои нафас ва ҳозима истифода мебаранд. Бештар ба анҷири муқаррарӣ монанд аст. Асосан дар Афғонистон мепарваранд. Дар Осиёи Марказӣ афғонанҷири худрӯй танҳо дар ҷануби Туркманистон вомехӯрад. Дар Тоҷикистон афғонанҷир бештар дар ҳотаи сокинони ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон парвариш меёбад. Дарахташ ба сармо (–17–18°С) тобовар аст, бинобар ин зимистон зери хок намекунанд. Ниҳолаш ба камобӣ тоб меорад.[1]

  • Запрягаева В. И. Дикорастущие плодовые Таджикистана.Ленинград, 1964;
  • Флора Таджикской ССР. Т. 3. Ленинград, 1968;
  • Петрова Е. Ф., Попов К. П. Ficus afghanistanica Ward в Бадхызе // Ботанический журнал. Т. 64. Ленинград, 1979;
  • Антонова И. С., Петрова Е. Ф. Различия в морфологии и анатомии почек, почечных чешуй и прилистников ӯ видов инжира подрода Eysyce // Тр. Всесоюзного института растениеводства. Т. 83. Ленинград, 1984.
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.88 / С. Гулов, А. Муҳаммадов.