Jump to content

Ахбори генетикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Ахбóри генетикӣ — маълумот роҷеъ ба таркиб, сохт ва хусусияти мубодилаи моддаҳои организм (сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат) ва фаъолияти онҳо, ки дар сохтори ирсии организм (хромосомаҳо, ситоплазма ва органеллаҳои ҳуҷайравӣ) сабт шудаанд. Дар организмҳои серҳуҷайра ахбори генетикӣ ҳангоми афзоиши ҷинсӣ аз насл ба насл ба воситаи ҳуҷайраҳои ҷинсӣ – гаметаҳо (вазифаи ягонаи онҳо интиқол ва нигоҳ доштани ахбори генетикӣ аст) гузаронда мешавад. Дар микроорганизмҳо ва вирусҳо тарзҳои махсуси интиқоли ахбори генетикӣ мавҷуданд. Ахбори генетикӣ асосан дар хромосомаҳо сабт гардида, дар молекулаи кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН) бо тартиби муайяни нуклеитидҳо бо таври хаттӣ ба рамз дароварда шудааст. Он дар рафти онтогенез бо роҳи аз ген ба аломат гузарондани ахбори генетикӣ амалӣ мегардад. Ҳамаи ҳуҷайраҳои организм фақат дар натиҷаи тақсимшавии як ҳуҷайраи аввалӣ – зигота ҳосил мешаванд. Бинобар ин, онҳо дастаи як генро доранд. Махсусияти ҳуҷайраҳои бофтаҳои гуногун дар он аст, ки дар онҳо на ҳамаи генҳо (яъне на ҳамаи ахбори генетикӣ), балки фақат як қисми онҳо (кадоме, ки барои фаъолияти бофтаи мазкур лозим аст) фаъол мебошад.