Ашраф Мозандаронӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ашраф Мозандаронӣ
Муҳаммадсаид ибни Муҳаммадсолеҳ Маҷлисии Мозандаронӣ
Санаи таваллуд:

асри XVII

Зодгоҳ:

Исфаҳон

Санаи марг:

1708(1708)

Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

шоир, донишманд

Забони осор:

порсӣ

Ашрафи Мозандаронӣ (порсӣ: أشرف) Муҳаммадсаид ибни Муҳаммадсолеҳ Маҷлисии Мозандаронӣ (соли вафоташ 1708, музофоти Биҳори Ҳиндустон) — шоири форсизабони Ҳиндустон. Шогирди Соиби Исфаҳонӣ. Дар яке аз қаряҳои атрофи Исфаҳон ба дунё омада, таҳсили улуми мутадовилаи даврро анҷом дод. Дар синни камолот ба Ҳиндустон сафар кард ва ба хидмати Аврангзеб (хукмрониаш 1658–1707) роҳ ёфта, ба таълиму тарбияи Зебуннисо машғул шуд. Солҳои 1659–72 ба Зебуннисо забону адабиёти форсӣ ва илмҳои маъмули замонро таълим дода, яке аз муқаррабони ӯ гардид. Соли 1672 азми бозгашт ба Исфаҳон намуд. Қитъаи шеъре аз осори ӯ боқист, ки дар он ӯ азми худро ба Зебуннисо иброз доштааст. Вале дар бораи ба Исфаҳон баргаштани ӯ мадраке дар даст нест. Ҳаминаш маълум аст, ки баъди вафоти Аврангзеб (1707) кашмакаш байни шоҳзодагон ва ҳокимони маҳаллӣ авҷ гирифт. Ашраф бо баҳонаи зиёрати Каъба Ҳиндустонро тарк кардан хост, аммо дар Биҳор ба бемории сахте гирифтор шуда, вафот кард. Аз Ашраф куллиёти ашъор мондааст, ки он ғайр аз ғазалҳо, қасидаҳо, рубоиҳо, фардиёт, қитаоти таърих ва муаммоҳо, маснавиҳои «Соқинома» (400 байт), «Қазову қадар» (700 байт) ва 9 маснавии хурди ӯро дар мадҳи Аврангзеб, васфи Кашмир ва ҷашнҳои Ҳиндустон фаро мегирад. Ашраф бо маслиҳати Зебуннисо баёзе бо номи «Иродати фаҳм» тартиб дода буд, ки он ашъори шоирони дӯстдоштаи Зебуннисо ва баъзе шеърҳои худи ӯро дар бар мегирифтааст. Ин баёзро гӯё яке аз канизакони Зебуннисо ба ҳавзе афтонда, талаф додааст. Намунае аз ашъори Ашраф:

Зи бас аз ҷӯши саргардониям бетоб мегардад,
Ба ҳар обе, ки афтад акси ман, гирдоб мегардад.
Фурӯ мерезад аз ёди ту ҳар соат чунон рангам,
К-аз он рӯзи сиёҳи ман шаби маҳтоб мегардад.
Зи бас осоиши олам зи ман паҳлу тиҳӣ созад,
Ба деворе, ки афтад акси ман, меҳроб мегардад.
Баҳори тозарӯӣ аз ту дорад обу ранг, Ашраф,
Зи файзи хомаат кишти сухан сероб мегардад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]