Ашъария

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ашъария (ар. الأشاعرة‎‎) — таълимоти динӣ-фалсафии Абулҳасани Ашъарӣ ва пайравонаш, яке аз мактабҳои калом.

Таъсис[вироиш]

Асосгузори ин таълимот ашъарӣ дар ибтидо аҳли муътазила буд, вале баъдҳо таълимоту мактаби хосси худро таъсис кард ва бар зидди муътазилиён асари бисёре таълиф намуд. Ашъариён бисёр ақидаҳои илоҳиётшиносони пешини зоҳирпарасти ифротӣ ва асҳоби ҳадисро низ намепазируфтанд. Масалан, онҳо мавқеи ақлро дар дарки ҳодисаҳо тамоман инкор намекарданд, аммо ақидаи муътазиларо ҳам дар хусуси мақоми ақл қабул надоштанд. Ба ақидаи онҳо эътирофи арзиши мутлақи ақл боиси маҳв шудани дин мегардад, зеро он имон ба ғайбро бекор мекунад ва ба хулоса меоварад, ки ақл аз мусалламоти дин афзалтар аст. Ашъария назарияи ба худ хосси ихтиёрро (озодии ирода) ба вуҷуд овардааст: инсон дорои ихтиёр ва қудрати офаридани кирдори хеш аст, вале қудрате, ки кирдори инсонро меофарад, берун аз зоти ӯ буда, қудрати илоҳист. Инсон қудрат ва кирдори худро аз Худо иктисоб мекунад. Ҳамин иктисоб инсонро водор мекунад тасаввур намояд, ки ӯ соҳиби ихтиёр (озодии ирода) буда, дар офаридани аъмоли хеш мухтор аст. Вале чунин ҳалли масъала ба инкори ихтиёр баробар аст, зеро инсонро бозичаи иродаи Худо мегардонад, ақидаи ҷабарияро дар бораи сарнавишти мутлақ бартараф наменамояд ва фаҳмондан наметавонад, ки чӣ гуна инсон барои кирдораш масъул аст, агар ихтиёри (озодии ирода) ӯ фақат хаёлист. Ашъария ташбеҳи (антропоморфизм) илоҳиётшиносони пешина ва таътили муътазиларо ҳам рад мекунад. Зеро ташбеҳ боиси ширк, таътил (дорои сифате набудани Худо) сабаби илҳод мегардад. Ашъария бо ёрии далелҳои мантиқӣ аҳкоми азалӣ ва номахлуқ будани Қуръонро ҳимоя ва исбот карданӣ мешуд: каломи Аллоҳ чун худи Аллоҳ азалӣ ва номахлуқ аст. Қуръон каломи Худост, пас он азалан номахлуқ мебошад. Ашъариён усули сабабият ва қонуниятро рад карда, ба хурофот, каромот ва муъҷизот роҳ мекушоянд. Онҳо ба дониши ҳиссӣ ва ақлӣ шак оварда, ё дониши ҳиссию ақлиро инкор карда, ба ваҳйу илҳом рӯ меоваранд ва ба агностисизм моил мешаванд.

Ақоид[вироиш]

Муҳимтарин ақидаҳои Ашъария аз нуктаҳои зайл иборатанд:

  1. Инсон доир ба офариниши худ аз куҷое, ки оғоз кунад, оқибат ба натиҷае мерасад, ки ин хилқат дорои камол аст. Ба таври яқин хоҳад донист, ки бо худии худ ба ин дараҷаи камол расида наметавонист. Натиҷаи ҳатмии ин андеша инсонро ба он эътиқод водор мекунад, ки бояд дар олами вуҷуд офаридгоре тавоно, доно ва соҳибирода вуҷуд дошта бошад. Парвардгор доно ба илм, тавоно ба қудрат, зиндаву поянда ба ҳаёт аст. Мурид ба ирода мутакаллим ба калом, шунаво ба гӯш, бино ба чашм аст. Ин сифатҳои азалӣ қоим ба зоти худанд ва далели он мебошанд, ки Худо подшоҳ (ал-малик) аст, дорои амру наҳй мебошад.
  2. Илми Худо воҳид аст ва ба ҳамаи маълумот тааллуқ дорад.
  3. Қудрати Худо воҳид буда, ба ҳамаи он чи ки вуҷудаш бо ҷоизҳо тавсиф шуданӣ бошад, тааллуқ мепазирад.
  4. Каломи Худо ягона аст. Он калом амри наҳй аст. Амр барои иҷро ва наҳй барои рад ва инкор аст.
  5. Банда қодир ба афъоли бандагон асту бас. Бо ин фарқ, ки банда метавонад аз худ ҳаракоти ҷунбиш, ихтиёр ва ирода содир кунад.
  6. Қудрате, ки банда худаш касб мекунад, ҳодис аст ва дар натиҷа қудрати ҳодис ҳосил мегардад.
  7. Агар Офаридгори ҳақиқӣ он бошад, ки касе ӯро дар кори офариниш шарикӣ ва ҳамроҳӣ намекунад, пас, хусуситарин сифати Худо қудрати ӯ ба ихтироъкорӣ аст. Ҳамин аст тафсире, ки ба номи ӯ — Аллоҳ далолат мекунад.
  8. Худо мавҷудест, ки бояд вуҷуди ӯ аз дигар мавҷудот фарқ карда шавад, дорои тавсиф ва васфи махсус бошад, чаро киақл ба шинохти он васфи махсус намерасад. Ҳар мавҷуде бояд дида шавад. Худо мавҷуд аст, пас, бояд дидашаванда бошад. Дар Қуръон омада, ки муъминон Худоро дар охират мебинанд. Аммо доир ба дидашавандагии Худо ду назар вуҷуд дорад; аввал назари махсус аст, яъне ба вуҷуд тааллуқ дорад на ба адам (нестӣ) ва дуюм ин аст, ки идрок он сӯи илм аст, дар дарккунанда таъсире надорад ва аз он таъсире ҳам намегирад.

Назари Ашъариён доир ба ваъду ваъид (фармудаҳо ва иҷрои бекамукости онҳо), асмо, аҳком, саъй ва ақл аз ҳама ҷиҳатҳо мухолифи ақидаҳои муътазила буданд. Аз ҷумла: 1) имон тасдиқ бо қалб аст. Аммо қавл бо забон ва амал аз рӯйи аркон фаръҳои имонанд. Ҳар касе бо қалби худ тасдиқ кунад, ки Худо якка ва ягона аст ва пайғамбарони Худоро эътироф ва тасдиқ намояд, имонаш саҳеҳ, дуруст ва ростин аст. Ҳатто агар филҳол вафот ёбад, чунин шахс наҷотёбанда аст ва аз имон хориҷ нест; 2) касе, ки гуноҳи кабира содир карда бошад ва тавба ҳам накарда бошад, ҳукми чунин банда ба Худо ҳавола карда мешавад. Шояд Худо аз боби раҳмати худ ӯро бубахшад ва ё пайғамбар ӯро шафоат намояд. Дар ҳадис омада, ки «Аҳли кабоири умматро шафоат хоҳам кард». Ва ё ин ки чунин шахсро дар дӯзах мувофиқи гуноҳи содирнамудааш азоб медиҳанд ва баъд ӯро ба ҷаннат дохил менамоянд. Ҳеч мумкин нест, ки бо кофирон дар дӯзах ба таври абадӣ дар азоб бимонанд; 3) ҳамаи воҷибот самъӣ (аз роҳи шунавоӣ) аст. Аз роҳи ақл чизе сохта нест, на хубӣ ва на бадӣ. Шинохти Худо бо ақл аз тариқаи гӯш (самъ) аст. Савоб, лутф ва ҳама чиз аз ҷониби Худо ба манзилаи фазли Худост. Ҳамаи азобҳо (аз ҷониби Худо) адл шуморида мешаванд; 4) фиристодани пайғамбарон (аз ҷониби Худо) адл шуморида мешавад. Вале баъди фиристода шудан дастгирии онҳо ба воситаи муъҷизот ва исмати онҳо аз лағжишҳо аз ҷумлаи воҷибот ба шумор меоянд. Муъҷиза феъли хориқулода (фавқулода) аст. Ҷойи эътироз надорад. Дар муқоиса ба манзилаи тасдиқ бо қавл аст. 5) каромоти авлиё ҳақ аст; куфру маъсият (исён бар зидди фармудаҳои Худо) ба ман­зилаи хор доштани шариати худоӣ аст; 6) Қуръон аз ҷиҳати балоғат, назм ва фасоҳати сухан муъҷиза аст; 7) масъалаи имомат бояд аз роҳи иттифоқ ва ихтиёр анҷом ёбад, на аз роҳи насс (васият) ва таъйин. Хулафои рошидин аз рӯйи фазилаташон ба мақоми имомат расиданд; Талҳа ва Зубайр ба имом Алӣ ибни Абитолиб мухолифат варзиданд. Алӣ ба онҳо ба сифати мухолиф ҷавоби сазовор дод. Аммо аҳли Наҳравон ба хабаре, ки аз пайғамбар расида, аз дин хориҷшуда маҳсубанд. Ҳақ ба ҷониби Алӣ буд, дар иқдоме, ки бар зидди онҳо карда буд. Дар натиҷа равияи Ашъария мазҳабе миёнарав, тавҳидӣ ва яккахудоие шуд, ки хоҳишҳои муъминон ва эҳсосоти тақводоронро қонеъ ва ақлҳои мардумро хушнуд ва розӣ сохт. Доираи интишори Ашъария маҳдуд набуд. Он дар Ироқ, баъдҳо дар Миср (бо ёрии Салоҳиддини Айюбӣ) паҳн гардид. Дар Сурия бо ёрии Нуруддини Зангӣ, дар мамлакатҳои Ғарб бо ёрии Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Тумират, дар Осиёи Хурд ба дасти Усмониҳо интишор ёфт. Танҳо ҳанбалиҳо дар масъалаи сифоти Худо бо Ашъария мухолифат намуданд. Шииёни имомия дар масъалаи шафоати имомон бо Ашъария мухолиф шуданд. Олимони бузург ва бисёре аз мазҳабҳои шофеӣ, моликӣ, ҳанафӣ ва ҳанбалӣ пайрави Ашъария шуданд. Ашъария минбаъд дар осори пайравонаш Абубакри Боқилонӣ (вафоташ 1013), Абулисҳоқи Исфароинӣ (вафоташ 1028), Ҷувайнӣ (вафоташ 1085), Ғаззолӣ (1058—1111), Фахриддини Розӣ (вафоташ 1210), Шаҳристонӣ (вафоташ 1153), Азуддини Иҷҷӣ (вафоташ 1155) ва дигарон вусъат ёфта, ранги фалсафӣ гирифт. Ашъария бо мурури замон дар тамоми мамлакатҳое, ки равияи суннат ҳукмрон буд ва дар Эрон васеъ паҳн гардида, чун илоҳиёти расмӣ шинохта шуда буд. Ҳоло дар баъзе мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ кӯшишҳои таҷдиди калом, аз ҷумла Ашъария ва ба муқобили материализми диалектикӣ истифода бурдани он мушоҳида мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Богоутдинов А. М. Очерки по истории таджикской философии, Сталинабад. 1961;
  • Григорян С. Н. Средневековая философия народов Ближнего и Среднего Востока. Москва, 1966;
  • Петрушевский И. П. Ислам в Иране. Ленинград, 1966;
  • Адам Мец. Мусульманский ренессанс. Москва, 1973.

Сарчашма[вироиш]