Jump to content

Ашӯла, суруди халқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Ашӯла, тарона. - жанри хурди манзуми фолклори тоҷик. Он аз чор мисраъи кӯтоҳ таркиб ёфта, асосан дар вазни ҳиҷоӣ эҷод карда мешавад. Мисраъҳои ашӯла назар ба байту рубоӣ хеле кӯтоҳанд. Ашӯла истилоҳи халқист ва гӯяндаи онро “ашӯлачӣ” меноманд, ки дар забони гуфтугӯии тоҷикони вилоятҳои Хуҷанду Конибодом, Фарғона, инчунин дар шаҳр ва маҳалҳои атрофи Самарқанд маълум ва машҳур мебошад. Дар илми фолклоршиносӣ ба ҷойи “ашӯла” истилоҳи “тарона” бештар ба кор меравад. Дар Хуҷанд, Конибодом фаъол аст[1][2]

АШӮЛÁ, як навъ суруди халқист иборат аз чаҳор мисраъ. Дар вазни ҳиҷоӣ суруда мешавад. Мисраъҳои Ашӯла назар ба мисраъҳои дубайтию рубоӣ кӯтоҳтаранд. Ҳар як мисраи Ашӯла маъмулан, аз 7 ҳиҷо, баъзан аз 8 ҳиҷо иборат аст.

Ашӯла дар тамоми маҳалҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ба назар мерасад, вале бештар дар деҳаву но­ҳияҳои шимоли Тоҷикистон, дар эҷодиёти шифоҳии тоҷикзабонҳои водии Фарғона, шаҳрҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Бодкенти Қирғизистон маъмулу машҳур аст. Эҷодкор, сарояндаҳои Ашӯла асосан, духтарони ҷавон ва занон мебошанд. Ашӯлаҳое, ки фолклоршиносони тоҷик аз мардум ҷамъ овардаанд, аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа, мавзӯъҳо ба садаҳои 19–20 дахл доранд. Ашӯла сурудҳое мебошанд, ки духтарон ва занон дар мавзӯъҳои ҳодисаҳову воқеаҳои ҳаёти шахсӣ, ҷамъиятӣ, мушоҳидаву саргузашт, дидаву шунидаҳои худ дар ҷамъомадҳо, тӯю маъракаҳо, сайругашти идонаву ҷашнҳо, ҳангоми кор дар сари чархи ресмонресӣ, дуконҳои бофандагию алочабофӣ, вақти тӯппию либосдӯзӣ, дар замони нав – пас аз соли 20 садаи XX рӯзҳои кор дар саҳро, кишту чобуқ кардани замин, пахтачинӣ, ғалладаравӣ, маъракаи ғундоштани мева, ҳангоми кор дар кор­хонаҳои мухталиф, таҳсил дар мактаб ва ғ. гоҳ бо нақарот, гоҳ бе нақарот месуруданд. Баъзе Ашӯлаҳо мазмуни маишӣ-оилавӣ доранд. Дар онҳо духтарон аз никоҳи маҷбурӣ, ба висоли дӯстдоштаашон нарасидан, беҳуқуқии худ, ҷавру ҷафо, зулм, нобаробарӣ ва ғ. шикоят карда, норозигиашонро иброз доштаанд. Ашӯлаҳое мавҷуданд, ки солҳои ҶБВ (1941–45) эҷод шудаанд. Дар онҳо ғояҳои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, ҳисси бадбинӣ нисбат ба душман, сулҳхоҳӣ ва ғ. ифода ёфтаанд. Ашӯлаҳои ҳаҷвию танқидие вомехӯранд, ки дар онҳо нуқсонҳои зоҳирӣ ва хислатҳои манфии баъзе ашхос – ошиқ, шавҳар, дугона, хусуру хушдоман, домод, ҷавонон, қудоҳо ва ғ. мазаммат шудаанд. Умуман, Ашӯла дар адабиёти шифоҳии халқи тоҷик, ҳаёти маънавии тоҷикон бо хушоҳангӣ, равонӣ, содагӣ, мазмуну мундариҷаи ҷолибаш, истифода аз санъатҳои калом – ташбеҳ, киноя ва ғ. қимати баландӣ бадеӣ, тарбиявӣ ва тарбияи завқи зебоишиносӣ арзиши баланд дорад.

  • Таронаҳои мардуми Ашт ⁄⁄ Маҷаллаи «Садои Шарқ». 1965, №; 3;
  • Таронаҳои Самарқанд. Д., 1966;
  • Сумане аз ҳар чамане. Душанбе, 1966;
  • Амонов Р. Лирикаи халқи тоҷик. Душанбе, 1968;
  • Баёзи фолклори тоҷик. Ҷ. 1. Душанбе, 1982;
  • Байтҳои халқии тоҷикӣ. Душанбе, 1992;
  • Азимов Н. Чашми ростбин. Душанбе, 2006;
  • Меҳри нон. Душанбе, 2008.
  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
  2. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)