Ашӯров Ғаюр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


АШӮРОВ Ғаюр Ғафурович
Ғаюр Ашӯров
Таърихи таваллуд 1960
Зодгоҳ деҳаи Шамтучи Ноҳияи Айнӣ

АШӮРОВ Ғаюр Ғафурович (таваллуд 08.08.1960, деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ), стоматолог, доктори илмҳои тиб (1995), профессор (2006), Аълочии стоматологияи дараҷаи I Федератсияи Россия. Хатмкардаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1983). Ординатори клиникии Пажӯҳишгоҳи марказии стоматологии шаҳри Маскав (1983–84), ассистент (1984–85), аспирант (1985–88) ва ассистенти кафедраи стоматологияи муо­лиҷавии ДДТТ (1988–92). Докторанти Пажӯҳишгоҳи марказии стоматологии шаҳри Маскав (1992–95). Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДДТТ (1996–97), профессор кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва муолиҷавии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1997–2004). Аз соли. 2005 мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДДТТ. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақо­лаи илмӣ, аз ҷумла 3 монография, 12 дастур ва тавсияҳои таълимию методӣ, 1 кашфиёт. Дар муассисаҳои тиббии Россия (2002, 2004), Венгрия (2001), Олмон (2006) таҷриба омӯхтааст. Раиси Ассотсиатсияи байналмилалии стоматологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Стоматология Таджикистана».

Сарчашма[вироиш]

  • Осор:
Перспективы развития рыночной модели функционирования стоматологической службы. Душанбе, 1994;
Профилактика кариес зубов. Душанбе, 1977;
Функции органов зубочелюстной системы в жарком климате и горной местности Душанбе, 2006;
Оценка эпидемиологической ситуации заболеваний пародонта у больных сахарным диабетом в Таджикистане ⁄⁄ Маҷаллаи «Эпидемиология и инфекционные болезни». № 2, 2008.