Ғаюр Ашӯров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ғаюр Ашӯров
Ғаюр Ғафурович Ашӯров
Санаи таваллуд:

08. 08. 1960

Зодгоҳ:

ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

тиб

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои тиб

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино

Ғаюр Ғафурович Ашӯров (08. 08. 1960, деҳаи Шамтучи н. Айнӣ), доктори илми тиб (1995), профессор (2006).

Зиндагинома[вироиш]

Ғаюр Ғафурович Ашӯров хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино (1983). Ординатори клиникии Пажӯҳишгоҳи марказии стоматологии ш. Маскав (1983-1984), ассистент (1984-1985), аспирант (1985-1988) ва ассистенти (1988-1992) кафедраи стоматологияи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, докторанти Пажӯҳишгоҳи марказии стоматологии ш. Маскав (1992-1995), мудири кафедраи стоматологияи муо-лиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, профессори кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва муолиҷавии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1997-2004) кор кардааст. Аз соли 2005 мудирии кафедраи стоматологияи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Синоро ба зимма доштааст.. Перомуни пешгирии бемориҳои стоматологӣ дар занҳои ҳомилаи серкӯдак, таҳияи самтҳои асосии инкишофи стоматология дар шароити нави сиёсию иқтисодӣ (ҷанбаҳои тиббӣ, иҷтимоӣ, ташкили идоракунӣ ва иқтисодӣ) таҳқиқот бурдааст. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаи илмист.Кори илмиро бо фаъолияти педагогӣ тавъам анҷом медиҳад.

Осор[вироиш]

  • Перспективы развития рыночной модели функционирования стоматологической службы. – Д., 1994;
  • Разработка основных направлений развития стоматологии Таджикистана в новых политико-экономических условиях: медицинские, социальные, организационные, управленческие и экономические аспекты: Дисс…доктора медиц. наук. – М., 1995;
  • Функции органов зубочелюстной системы в жарком климате и горной местности. – Д., 2006.[1]

Сарчашма[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 72