Аъзам Пудинаев
Аъзам Пудинаев | |
Таърихи таваллуд | 6 июн 1948 (76 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Нуробод, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1998) |
Аъзам Пудинаев (тав. 6.06.1948, ноҳияи Нуробод)) — олим, номзади илмҳои педагогӣ (1992), дотсент (2000). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1998)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1971 факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1971–1973 корманди рӯзномаи «Педагоги ҷавон», 1973–1974 афсари Артиши Шӯравӣ, 1974–1976 корманди рӯзномаи «Педагоги ҷавон», 1976–1980 муаллими кафедраи равоншиносӣ, 1980–1983 аспирант, 1983– 1998 муаллим, муаллими калон, 1998–2004 мудири кафедраи равоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз соли 2005 ҳамчун дотсенти кафедраи равоншиносии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон фаъолият дорад. Муаллифи зиёда аз 50 таълифоти илмӣ, илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои тарбияи маънавии ҷавонон ва саҳми кафедраи равоншиносӣ дар тайёр намудани мутахассисон баррасӣ шудаанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1998) қадр карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тарбияи маънавии ҷавонон, Д., 1996;
- Даргоҳи маърифат, Д., 2001;
- Тарбияи ахлоқии донишҷӯён // Мактаби советӣ, Д., 1983, №19;
- Тарбияи мустақилияти ҷавонон // Маърифат, Д., 1992, №4;
- Тарбияи ҳиссиёт дар наврасон // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, Д., 2000, №4.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 6 июн
- Зодагони соли 1948
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Нуробод
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон