Аъзам Худойдодов
Аъзам Овлододович Худойдодов | |
Таърихи таваллуд | 10 август 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Аъзам Овлододович Худойдодов (тав. 10.08.1959, деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара), адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (1992), дотсент (1999).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1977–1981 дар факултети филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1981–1983 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1983–1986 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи адабиёти донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1986–1999 муҳаррир, мудири шуъбаи забон ва адабиёт, ҷонишини сармуҳаррири нашриёти «Маориф», 1999–2003 дотсент, 2003–2007 мудири кафедраи адабиёт, 2007–2010 декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2010 вазифаи муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба таълимро ба уҳда дорад. Оид ба мақоми ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар таърихи робитаҳои адабиёти халқҳои тоҷику ӯзбек корӣ илмӣ ба анҷом расонидааст. Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ, илмиву методӣ ва илмиву оммавӣ мебошад, ки дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистону Эрон чоп шудаанд. Дар таҳия, таҳрир ва нашри китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёнаву олӣ саҳми арзанда дорад. Хидматҳояш бо нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (1999), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008) ва ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаққиқ, Д., 1992; Раҳнамои накӯиҳо (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1998; Духтари илм, Д., 1999; «Тазкиратушшуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ (таҳия ва баргардон бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1999; Адабиёти халқҳои ҷаҳон (китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Красноярск, 2001; Осорномаи Валӣ Самад, Д., 2006; «Самарқанд»-и Х. Мирзозода (таҳиягар Худойдодов А.) // Садои Шарқ, 2009, № 11–12, 2010, №1; «Зубдаи ашъор»-и Аҷзии Самарқандӣ // Фарҳанг, 2010, №3, 4
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 10 август
- Зодагони соли 1959
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Исфара
- Номзадҳои улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон