Jump to content

Аҳли куфр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аҳли куфр (ар. أهل کفر‎) — шахсоне, ки паёмҳои осмонӣ, ҳақоиқи динӣ ва ё яке аз аркон ва ҳатмиёти диниро ба гунае бовар ва қабул надоранд.

Аҳли куфр ба панҷ гурӯҳ тақсим мешаванд:

  • мушрик ва ё аҳли ширк
  • китобӣ ва ё аҳли Китоб
  • мунофиқ ва ё аҳли нифоқ,
  • муртад ва ё аҳли ридда, ғайра,
  • мулҳид, даҳрӣ ва ё аҳли илҳод

Агар касе ба бештар аз як Худо муътақид бошад, мушрик ва ё аҳли ширк, агар ба як Худо имон дошта ва аз яке аз динҳои дорои китоби осмонӣ, ғайр аз ислом, пайравӣ намояд, аҳли Китоб ва ё кофири китобӣ, агар ба зоҳир мусулмон, вале дар ботин кофир бошад, мунофиқ ва ё аҳли нифоқ, агар пас аз қабули ислом кофир шавад, муртад ва аз дин баргашта ва агар Худо ва офаридгореро куллан қабул надошта бошад, пас, даҳрӣ ва мулҳид аст. Аҳли куфр аз лиҳози бархӯрд бо даъвати дини илоҳӣ ва мавзеъгириҳои амалии худ дар баробари пайравони дини Худо ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд. Яке кофирони одӣ мебошанд, ки бо вуҷуди напазируфтани даъвати дини Худо ва ихтиёр кардани куфр бар имон ба ҷараёни пешрафти даъвати дини Худо ва фаъолиятҳои динии пайравони он аз худ чандон ҳассосияте нишон намедиҳанд. Ин куфру худоношиносии онҳо дар наз­ди Худованд кори зишт ва нобахшуданӣ мебошад ва он, умуман, дар муқобили имон ва ислом меистад, аммо онҳо амалан дар муқобили дини Худо ва пайравони он аксуламал ва зиддияте нишон намедиҳанд. Ин як марҳалаи куфр аст. Гурӯҳи дуюм кофироне мебошанд, ки куфри онҳо бо саркашию ташаддуд, душмании ошкор бо арзишҳои дини Худо ва ҷабҳагирию мухолифат бо пайравони он ҳамроҳ гаштааст. Инҳо умуман ҷабҳаи куфрро дар муқобили имон ташкил дода, дар таъбироти қуръонӣ кофири муонид (анид) ва ё аимма (пешвоён)-и куфр номида мешаванд ва дар истилоҳи фиқҳӣ онҳоро кофирони ҳарбӣ мегӯянд. Бар пояи таълимоти ислом корҳое, ки Аҳли куфр дар ҳаёти дунё анҷом дода ва харҷу сарфе, ки дар он намудаанд, ба монанди боди сардест, ки ба ҳар киштзоре бивазад, онро нобуд месозад.

  • Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011;
  • مسند الامام احمد. القاهرة، ۱۹۹۵؛
  • ابو نعیم بن عبدالله الاصفهانی. صفة النفاق و نعت المنافقین. بیروت ۲۰۰۱؛
  • المصباح المنيرفی تهذيب تفسير ابن کثير. الریاض،
  • ۲۰۰۲؛ سنن الترمذی. بيروت، ۲۰۰۴؛
  • صحیح مسلم. بیروت، ۲۰۰۵؛
  • صحیح البخاری. بیروت، ۲۰۰۷