Jump to content

Аҳмадҷон Ҳаитов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмадҷон Ҳаитов
Аҳмадҷон Ҳаитов
Таърихи таваллуд 5 феврал 1947(1947-02-05) (77 сол)
Зодгоҳ Шаҳри Бешарик, ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ чорводорӣ
Ҷойҳои кор Институти илмӣ-таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои кишоварзӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон


Аҳмадҷон Ҳаитов (05.02.1947, ш. Бешарики Фарғонаи Узбекистон), доктори илми кишоварзӣ (1991), профессор (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Факултаи зоотехникии Институти давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) соли 1970 ба охир расонда, дар аспирантураи он хондааст. Солҳои 1974-1990 ба сифати ходими хурд, ходими калон ва ходими пешбар, мудири лабораторияи Институти илмӣ-таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон кор карда, аз соли 1991 дар ИДХҚТ (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) дарс медиҳад. Вазифаҳои мудири кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи чорво (1991-2004), профессори ҳамин кафедраро (2004-2007) адо намуда, аз соли 2008 профессори кафедраи зоотехникаи ҷузъӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур мебошад. Аз мутахассисони хуби соҳаи чорводорӣ маҳсуб меёбад, хидматаш махсусан дар коркарди биологии асосҳои ташаккули маҳсулнокии гӯсфанди думбадор дар шароити водии Ҳисор калон аст, барои такмили зоти нави гӯсфанди ҳисорӣ корҳои илмию амалӣ анҷом додааст.

  • Пути улучшения качества мяса в Таджикистане. – Д., 1988;
  • Формирование мясности курдючных овец: Дисс… доктора сельскохоз. наук. – Д., 1991;
  • Роҳҳои баланд бардоштани истеҳсоли гӯшт. – Д., 1992;
  • Мясосальные овцы. Учебное пособие. – Д., 1996;
  • Физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ. – Д., 2008 (ҳаммуаллиф).[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 645.