Jump to content

Аҳмади Шомлу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аҳмад Шомлу)
Аҳмади Шомлу
форсӣ: احمد شاملو
Тахаллусҳо: Aléf-Bâmdâd
Таърихи таваллуд: 12 декабр 1925(1925-12-12)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 24 июл 2000(2000-07-24)[1] (74 сол) ё 23 июл 2000(2000-07-23)[2] (74 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ[1]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
shamlou.org
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Аҳмади Шомлу (форсӣ: احمد شاملو‎; тахаллусҳояш Аҳмад (Алиф), Бомдод ва Субҳ; 12 декабри 1925, Теҳрон — 23 июли 2002, Караҷ) — шоир, нависанда, фарҳанг‌навис, рӯзноманигор, пажӯҳишгар, мутарҷими эронӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳсилоти ибтидоӣ ва мутавасситаро ба таври номураттаб дар шаҳристонҳои Эрон идома дода, дар 19-солагӣ (1944) барои таблиғоти зиддианглисӣ зиндонӣ шуд. Соли 1945 озод гардид. Аз таҳсил даст кашид ва ба рӯзноманигорӣ, тарҷума, нависандагӣ машғул шуд. Сардабири маҷмуаҳои «Китоби ҳафта», «Хӯша», «Китоби ҷумъа» ва ғайра буд.

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Оҳангҳои фаромӯшшуда» (1947) шеърҳоеро дар бар мегирифт, ки зери таъсири андешаҳои романтикҳои Фаронса Ламартин, В. Ҳуго ва нависандаи эронӣ Содиқ Ҳидоят навишта шудаанд. Аз солҳои 50 садаи XX сар карда 17 маҷмуаи ашъори Аҳмади Шомлу ба табъ расидааст, ки дар миёни онҳо маҷмуаи «Ҳавои тоза» қобили таваҷҷуҳ аст. Аз ҳамин маҷмӯа таъсирпазирии амиқи ӯ аз шеъру ақидаҳои адабӣ-зебоипарастии Нимо Юшиҷ оғоз ёфтааст.

Вижагиҳои ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шеъри Аҳмади Шомлу инчунин таъсири се шоири дигар — Пол Элюар, Федерико Гарсиа Лорка ва В. Маяковский ба назар мерасад. Аз В. Маяковский Аҳмади Шомлу дар шеъри «Ҳарфи охир» (14 апрели 1952) ёд мекунад, ки аён аст, он дар таъсири шеъри «Абри шалворпӯш»-и В. Маяковский навишта шудааст. Шеъри Аҳмади Шомлу дорои якчанд хусусият аст: вай мавзӯи шеърро ба муҳити шаҳр наздик кардааст, ба суннатгароён мухолиф аст, ба ақидаи вай шеъри имрӯз бояд дар қолаби имрӯз суруда шавад; шоир бояд дар умури иҷтимоӣ дахолат кунад; Аҳмади Шомлу аз забони мардум, калимаҳои лаҳҷавӣ ва омиёна истифода кардааст. Аҳмади Шомлу дар таҳқиқ низ қувваозмоӣ кардааст: рисолаҳо дорад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ, «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ, рубоиёти Умари Хайём, дубайтиҳои Абусаиди Абулхайр ва Бобо Тоҳир. Ба гирдоварӣ ва нашри адабиёти шифоҳӣ низ машғул шуда, бо номи «Адабиёти кӯча» чандин ҷилд китоб ба табъ расонд. Умуман, Аҳмади Шомлу чун поягузори шеъри сафед ё озоди нимоӣ шинохта шуда, аз байни шоирони ҳамзабон пайравон дорад.

Маҷмуаҳои ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Оҳангҳои фаромӯшшуда», «Оҳан ва эҳсос», «Қатънома», «Ҳавои тоза», «Боғи ойина», «Ойидо», «Ойидо дар ойина», «Дарахту ханҷару хотира», «Қоқнус дар борон», «Лаҳза дар борон», «Лаҳзаҳо ва ҳамешаҳо», «Марсияи хок», «Баргузидаи шеърҳо», «Шигифтан дар маҳ», «Иброҳим дар оташ», «Дашна дар дес», «Таронаҳои кучаки ғурбат», «Мадоеҳи бесала», «Ҳадиси беҷарории Моҳон», «Дар остона», китоби достон «Зери хаймаи гургирифтаи шаб» тарҷумаҳои шеъру достон: «Биатрис»-и Леон Морис, «Бараах» Жон Руварзӣ, «Зангор» Ҳерберт Лопурей, «Арӯсии хун» Горсия Лорка, «Побараҳнаҳо» Захариё Истанко, «Дарахти сездаҳум» Андре Жид, «Сизиф ва марг» Робер мэрл, «Димоғ»-и Рио Носука, «Даст ба даст»-и Виктор Олбо, «Марг касбу кори ман аст» Рубер Мэрл, «Афсонаҳои кучаки чинӣ»-и Ҳойку, «Қиссаҳои бобом» Эрескин Колдул, «Бигзор сухан бигӯям» Гарка Чики, «Нисфи шаб аст дигар»-и доктор Швайтезо ва ғайра.

Китобҳои вижаи кӯдакон

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Қиссаҳои ҳафт кулоғон», «Малики сояҳо», «Хурӯси зарӣ», «Пироҳани парӣ», «Борон», «Чи шуд, ки дӯстам доштанд», «Қиссаи дувоздаҳ бахт».

Матни куҳан

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Ҳофизи Шерозӣ», «Афсонаҳои ҳафт гунбади низомӣ», «Таронаҳои Абӯсаид», «Таронаҳои Хайём», «Таронаҳои Бобо Тоҳир».

Сардабирии ҳафтанома ва моҳномаҳои «Хӯша», «Ҳафта» ва тадвини фарҳанги омиёнаи «Кӯча» дар 6 ҷилд ва таълифи беш аз сад мақола перомуни шеъру шоирӣ.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Уфуқи равшан

Рӯзе мо дубора кабӯтарҳоямонро пайдо хоҳем кард
Ва меҳрубонӣ дасти зебоеро хоҳад гирифт.
Рӯзе, ки камтарин суруд бӯса аст
Ва ҳар инсон
Барои ҳар инсон
Бародарест.
Рӯзе, ки дигар дарҳои хонашонро намебанданд,
Қуфл афсонаест
Ва қалб
Бароӣ зиндагӣ бас аст.
Рӯзе, ки маънои ҳар сухан дӯст доштан аст,
То ту ба хотири охирин ҳарф дунболи сухан нагардӣ.
Рӯзе, ки оҳанги ҳар ҳарф зиндагист,
То ман ба хотири охирин шеър ранҷи ҷустуҷӯи қофия набарам.
Рӯзе, ки ҳар лаб таронаест,
То камтарин суруд бдӯса бошад.
Рӯзе, ки ту биёӣ, барои ҳамеша биёӣ
Ва меҳрубонӣ бо зебоӣ яксон шавад.
Рӯзе, ки мо дубора барои кабутарҳоямон дона бирезем.
Ва ман он рӯзро интизор мекашам.
Ҳатто рӯзе,
Ки дигар
Набошам.
  1. 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. The New York Times (ингл.) / J. KahnManhattan: New York Times Company, A. G. Sulzberger, 1851. — ed. size: 443000 — ISSN 0362-4331; 1553-8095; 1542-667X
  3. Deutsche Nationalbibliothek Record #118867059 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.