Аҳмад ибни Асад
841 — 864 | |
|
|
Даргузашт | 864 ё 865 |
Дудмон | Сомониён |
Падар | Асад ибни Сомон |
Фарзандон | Исмоили Сомонӣ ва Наср ибни Аҳмад |
Аҳмáд ибни Асáд (форсӣ: أحمد ابن أسد; дарг. 864 ё 865) — амир аз хонадони Сомониён, ҳокими Мовароуннаҳр (819—864), писари Асад ва падари Исмоили Сомонӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳмад ибни Асад набераи Сомонхудот, писари дуюми Асад ва падари Исмоили Сомонӣ буда, солҳои 819—864 дар Мовароуннаҳр ҳукмронӣ кардааст. Аҳмад ибни Асад дар ибтидо ҳокими Фарғона буда, баъдан Самарқанд, Кошғару Туркистони Чинро низ ба амлоки худ ҳамроҳ мекунад. Сарчашмаҳои таърихӣ Аҳмад ибни Асадро марди покдоман, нексиришт, кордон, додгустар, олиму порсо, шарифу хушрафтор, парҳезгору накӯкор қаламдод кардаанд. Ӯ соҳиби ҳафт писар: Наср, Абуюсуфи Яъқуб, Абузакариёи Яҳё, Абулашъаси Асад, Абуиброҳими Исмоил, Абуғоними Ҳамид ва Исҳоқи Аҳмад буд. Дар охирҳои умри хеш ҳокимиятро ба писари бузурги худ Наср вогузор кард ва дар соли 864 аз олам даргузашт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳмад ибни Асад // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011, — С. 99.