Аҳсану-т-тақосим фи маърифати-л-ақолим
Унвони мақола | ар. أحسن التقاسيم في معرفة الأقاليم |
---|---|
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) | Aḥsan al-taqāsīm fī maʻrifat al-aqālīm (Dār Brīl lil-Nashr, 1906)[d] ва Aḥsan al-taqāsīm fī maʻrifat al-aqālīm (Dār Ṣādir, 1991)[d] |
Нависанда | Шамсуддин ал-Мақдисӣ |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | арабӣ |
Таърихи интишор | 980 |
«Аҳсану-т-тақосим фи маърифати-л-ақолим» (ар. أحسن التقاسيم في معرفة الأقاليم) — асари машҳури ҷуғрофидон ва олиму сайёҳи асрҳои миёна Шамсуддин Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Муқаддасӣ (Мақдисӣ) (947–980). Солҳои 985–990 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Муаллиф дар «Аҳсану-т-тақосим» тасвири ҷуғрофиёии тамоми қаламрави мамолики исломиро бар мабнои маъхазҳову манбаъҳо, инчунин мушоҳидаҳои шахсии хеш зимни сафарҳояш ироа намудааст. Дар «Аҳсану-т-тақосим» вазъи кишварҳо, мардумон, саҳроҳо, баҳрҳо, рӯдҳо, кӯҳҳо, роҳҳо, майдонҳо, хусусиятҳои мушаххаси ҳар як мавзеъ оварда шудаанд.
«Аҳсану-у-тақосим» аз муқаддимаи муфассал ва ду ҷузъ иборат мебошад. Дар муқаддима роҷеъ ба маъхазҳои мавриди истифодаи муаллиф ва дар бораи ҷуғрофидонони собиқ аз қабили Абӯабдуллоҳ Ҷайҳонӣ, Абузайди Балхӣ, Ибни Фақеҳи Ҳамадонӣ ва Ибни Хурдодбеҳ маълумот дода шуда, зимнан услуби таҳқиқи муаллиф ва шарҳу тавзеҳи мафҳуму истилоҳоти умумии ҷуғрофӣ зикр ёфтаанд. Муқаддасӣ олами исломро ба 14 иқлим тақсим карда, онҳоро ба ду даста ҷудо намудааст: иқлимҳои Араб (Нимҷазираи Арабистон, Ироқ, Ақур, Шом, Миср ва Мағриб) ва Аҷам (Машриқ, Файлаш, Рухоб, Ҷибол, Хузистон, Форс, Кирмон ва Синд).
Мурод аз иқлими «Шарқ» дар «Аҳсану-т-тақосим» қаламрави давлати Сомониён, яъне Мовароуннаҳру Хуросон буда, ҳудуди Тоҷикистон низ ба ҳамин иқлим дохил мешавад. Дар он як қатор маълумоти муҳим доир ба Шумон (Ҳисор) — Қубодиён, Вашгирд (Файзобод) — Хуҷанд ва ғайра мавҷуданд. Ин китобро бори аввал соли 1877 шарқшиноси ҳолландӣ Де Гуй дар Лейден зимни ҷилди сеюми силсилаи «Китобхонаи ҷуғрофишиносони Араб» бо тарҷимаи лотинии он чоп кард ва он минбаъд аз рӯйи ин чоп дар Шарқу Ғарб борҳо ба табъ расидааст. Тарҷимаи форсии онро донишманди эронӣ Алӣ Нақии Мунзавӣ соли 1361 ҳ. шаҳр дар Теҳрон ба табъ расонд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Крачковский И. Ю. Избранные сочинения. Т. 4. М.–Л., 1957.
- شمس الدین محمد بن مقدسی. احسن التقاسیم فی معرفت الاقالیم. بیروت، ۱۹۸۷
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.