Аҷам (мусиқӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Аҷам» — ба маънии суруд ва оҳанги бостонӣ дар мусиқии классикии форс-тоҷик (асрҳои 11–14); гӯша ва шуъбаи мусиқӣ дар таркиби «Дувоздаҳмақом» (мақоми «Наво»; асрҳои 12–17); оҳанг дар шохаи созии мақоми «Сегоҳ» («Шашмақом», «Мухаммаси Аҷам») ва дар шохаи овозии он (Наср, «Наврӯзи Аҷам»).

«Аҷам»-ро мисли «Наврӯзи Аҷам» ва «Баёти Аҷам» асосан бо ғижак менавозанд. Мусиқии «Аҷам» рӯҳафзо ва гуногуннавъ буда, саршор аз ифодаҳои рангомези савтист. «Аҷам» дар анъанаи иҷроии мусиқии мардумӣ ҳам нақши муассир дорад. Дар як қатор рисолаҳои мусиқии асрҳои 16–17 дар Ҳиндустону Эрон таълифшуда («Замзамаи ваҳдат»-и Боқиёи Нойинӣ, «Рогдарпан» («Оинаи рогҳо»)-и Сайфхон Фақируллоҳ, «Рисолаи мусиқӣ»-и Муҳаммад Равшанзамир ва ғайра) «Аҷам» чун шуъбаи асосии мақоми «Наво», баъзан дар шакли «Наврӯзи Аҷам» сабт шудааст. Аммо дар қисме аз осори мусиқии дар Бухорову Самарқанд таълифшуда (рисолаҳои мусиқии Кавкабии Бухороӣ, Хоҷакалони Хуросонӣ ва дигарон) ба ҷойи «Аҷам» «Наврӯзи Хоро» ё «Наврӯзи Аҷам» зикр шудааст. Бино ба манбаъҳои мусиқӣ «Аҷам» аз қаторовозҳои шашзинаӣ таркиб ёфта, мутобиқи қаторовозҳои «Наврӯзи Хоро» аст».

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раджабов И. Мақом асослари. Тошканд, 1992;
  • Донишномаи Шашмақом. Д., 2009;
  • عبدالقادر مراغۀ. مقاصد الالحان. تهران، ۱۳۵۶ هـ. ش؛
  • فرهنگنامۀ مسیقئ ایران، تهران، ۱۳۷۵ هـ

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]