Сиддиқии Аҷзӣ
Cайид Аҳмадхоҷа Сиддиқи Азҷӣ | |
Тахаллусҳо: | Аҷзӣ |
Номи пурра | Сайидаҳмадхоҷаи Сиддиқӣ |
Таърихи таваллуд: | 1865 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 16 июн 1927 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, маорифпарвар, тарҷумон, омӯзгор |
Жанр: | роман, очерк |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Сиддиқии Аҷзӣ (форсӣ: عجزی, Cайид Аҳмадхоҷа Сиддиқи Азҷӣ; соли 1865, гузари Ёмини Самарқанд, Аморати Бухоро — 16 июни 1927, Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон) — шоир, тарҷумон, маорифпарвар, омӯзгор ва намояндаи адабиёти форсу тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сайидаҳмадхоҷаи Сиддиқӣ дар 5-солагӣ аз падар ятим монда, дар мактаби духтарона сабақ гирифтааст. Ӯ барои таъмини рӯзгор дар назди устоҳои соатсоз, наққош, заргар, лавҳасоз ва муҳркан шогирд истода, касбу ҳунари бисёр омӯхт, вале аз сабаби касод шудани бозори ҳунармандон кораш барор намегирифт. Дар мадраса низ то «Шарҳи Мулло» хонд, аммо аз таълими мадраса қонеъ нашуда, онро тарк кард. Аҷзӣ бо гумони беҳбуди аҳволи косибон дар Аморати Бухоро соли 1887 ба шаҳри Бухоро рафта, ду сол ба заргарӣ машғул шуд. Пас аз огоҳ шудан аз аҳволи косибони Самарқанду Бухоро бовари қатъӣ ҳосил кард, ки «дар ҳама ҷо хурӯс баробар ҷеғ мезанад». Тамоми бадбахтии мардуми маҳаллиро аз нодонӣ дониста, онҳоро ба тарки ҷаҳолат, омӯзиши илми замонавӣ ва техникаи нав даъват намуд:
- Агар аз зиндагӣ доред умед,
- Урупо ҳар чӣ медонад, бидонед.
Ба зодгоҳаш баргашта, дар аввалҳои соли 1890 дар Самарқанд курси шабонаи забони русӣ барои калонсолонро бомуваффақият хатм намуд. Омӯзиши забону адабиёти русӣ ва илмҳои замона ба вай дари маърифати русиву аврупоиро кушод.
Соли 1901 бо мақсади анҷом додани фаризаи ҳаҷ ба Ироқ ва аз он ҷо ба зиёрати Каъба рафт. Муддате дар сафоратхонаи Россия дар Ҷиддаи Ҳиҷоз тарҷумон буд. Соли 1903 Миср, баъзе шаҳрҳои Туркия, Украинаву Қафқозро тамошо карда, дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ба илму ҳунар ва адабиёти рус ошно шуд. Ӯ тафсилоти сафарашро ба таври рамзӣ дар достони «Миръоти ибрат» ба қалам додааст. Дар бозгашт дар Боку ва Тифлис таваққуф намуда, бо адиби озарбойҷонӣ Ҷалил Мамадқулизода вохӯрд ва ба воситаи ӯ бо шеърҳои шоири озодихоҳ Алиакбари Собир ошно шуд. Шеъри ба забони озарӣ бо радифи «Шукр, Худоё!» навиштаи Аҷзӣ тазмини шеъри Алиакбари Собир аст. Баъди чанд сол (1912–13) достонҳои «Анҷумани арвоҳ» ва «Миръоти ибрат» бо ташаббуси муаллим Абдулқодири Шакурӣ ва ёрии Ҷалил Мамадқулизода дар матбааи «Шарқ»-и Тифлис ба забони тоҷикӣ нашр шуд. Аҷзӣ пас аз саёҳати пурмаҳсули маънавии худ соли 1903 ба Самарқанд баргашт. Соли 1904 дар деҳаи Ҳалвоии наздикии Самарқанд мактаби нав кушода, забону хониши адабии русиро ба барномаи он дохил кард, ки бо эълони мактаби кофирӣ аз ҷониби рӯҳониёни иртиҷоӣ ва ҳукми қозии Самарқанд баста шуд. Аҷзӣ бо муроҷиат ба генерал-губернатори Туркистон ва мушкилоти зиёд дар деҳаи Ҳалвоӣ мактаби маҳаллии русӣ кушода, муаллими забони русӣ буд. Аз зикри китоби дарсии «Таърихи Русияи қадим» ва «Қиссаи моҳигир ва моҳии тило»-и А. С. Пушкин «ба забони мусулмонӣ» дар санади қабули мактаб (18-уми январи соли 1910) маълум мешавад, ки дарс бо забони тоҷикӣ ҳам сурат мегирифтааст. Аҷзӣ роҳи бахту саодати халқро дар илму маърифати замонавӣ дониста, бо таъсиси мактаби шабона ба калонсолон хатту савод омӯхтааст. Мунтазам мардумро ба таъсиси мактабҳои нав ва омӯзиши илм тарғибу ташвиқ кардааст, ки яке аз хислатҳои маорифпарварии вай мебошад. Аҷзӣ чун дигар маорифпарварону таҷаддудхоҳон на танҳо омӯзиши забонҳоро тарғибу ташвиқ кардааст, балки худаш забонҳои озарӣ, арабӣ ва русиро хуб омӯхтааст:
- Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
- Ҳама рӯзе ба кор ояд, зарар чист?
Фаъолияти маорифпарварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз фаъолияти маорифпарварии Аҷзӣ зимомдорони ҳукумати подшоҳии Самарқанд хавф бурда, аз пайи ӯ ҷосусӣ мекарданд. Нозири маорифи вилояти Самарқанд мактаби Ҳалвоиро таҳти назорати қатъӣ гирифта буд. Аҷзӣ дар шеърҳояш таъқиби худро аз тарафи маъмурияти подшоҳӣ бо тариқи рамз баён доштааст:
- Ба шохи ҳар дарахтам доми сайёде бувад, Аҷзӣ,
- Ки дар ҳар як нигаҳ рам хӯрдаам, санҷобро монам.
Ба фаъолияти маорифпарварии Аҷзӣ Инқилоби якуми рус (1905–07) таъсири мусбат расонд ва ӯ сабаби шӯру исёни мардумро дар бедонишию бемаърифатӣ ва ноқобилии онҳо донистааст. Аҷзӣ ҳамчун шахси бомаърифат ба рӯзномаву маҷаллаҳои русӣ, озарбойҷонӣ, ӯзбекӣ, тоторӣ, форсӣ, туркӣ ва тоҷикӣ обуна шудан ва омӯзиши илму дониши замонавиро тарғиб менамуд. Ӯ бинобар таъқиби доимии ҳукуматдорони маҳаллӣ ва рӯҳониёни иртиҷоӣ иҷборан мактаби Ҳалвоиро тарк кард. Моҳи майи соли 1914 дар деҳаи Полвонариқи наздикии Самарқанд мактаби усули нав кушод, ки 24 нафар талаба дошт ва қисме аз онҳо русбачаҳои тоҷикидон буданд. Муддате дар Самарқанд бо номи «Кутубхонаи Зарафшон» дукончаи ҳунармандӣ кушода, ба рӯзномаву маҷалла ва китобҳо низ обуна қабул мекард. Дукон ҷойи ҷамъомади маорифпарварону таҷаддудхоҳони Самарқанд буд. Онҳо ба туфайли огоҳии комил аз воқеаҳои ҷаҳон ба воситаи нашрияҳои «Тарҷумон», «Мулло Насриддин», «Вақт» дар байни мардум бартарии мактаби навро тарғиб мекарданд. Аҷзӣ ҳамзамон дар мактаби усули ҷадиди Абдулқодир Шакурӣ муаллимӣ мекард. Дар нашрияҳои «Бухорои шариф» (1912–13), «Самарқанд» (1913), «Оина» (1913–15), «Ҳуррият» (1917) шеъру мақолаҳояш чоп мешуд.
Эҷоди адабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мероси адабии Аҷзӣ аз назму наср иборат буда, асарҳои манзумаш дар жанрҳои маснавӣ, ғазал, рубоӣ, мухаммас, таркиббанд ва ғайра эҷод шудаанд. Аксарияти ашъори то солҳои 20-и садаи XX навиштааш ба забони тоҷикӣ ва озарбойҷонӣ буда, дар давраи шӯравӣ шеърҳои туркиашро дар услуби шеърҳои ӯзбекӣ эҷод кардааст. Ба забони арабӣ низ шеър менавишт. Аз осори Аҷзӣ достонҳои «Миръоти ибрат», «Анҷумани арвоҳ», маҷмӯаи шеърҳои «Ганҷинаи ҳикмат» (1914–15, Тошканд), «Айн-ул-адаб» (1919, Самарқанд, ба забони тоҷикӣ ва озарӣ»), «Миръоти ибрат» (Самарқанд, 1914, тарҷумаи худаш ба забони озарию туркӣ) ба табъ расидаанд. Соли 1914 уламои иртиҷоӣ ва рӯҳониёни Бухорову Самарқанд Аҷзиро барои достони «Анҷумани арвоҳ», ки амирону рӯҳониёнро сахт танқид кардааст, кофир эълон намуданд. Ин воқеа дар матбуоти давр бо номи «масъалаи такфир» машҳур аст. Аҷзӣ Инқилоби феврали соли 1917 Россияро хуш пазируфт. Баъд аз Инқилоби февралӣ ҷадидони Самарқанд ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд: «Шӯрои исломия» ва «Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон», ки Аҷзӣ аъзои он буд. Аҷзӣ дар арафаи Инқилоби Октябр дар Россия (1917) ва баъди он дар рӯзномаҳои «Ҳуррият» ва «Меҳнаткашлар товуши» мақолаҳои публитсистии зиёде навиштааст. Аҷзӣ Инқилоби Октябрро низ бо шодмонӣ истиқбол намуда, дар як мақолааш даврони шӯравиро «давраи адолат ва мусовот» номидааст. Аҷзӣ узви созмони коргару аскарони ҳукумати нави шаҳри Самарқанд, то охири соли 1920 муовини Комиссари халқии адлия буд. Аз сабаби беморӣ ба истеъфо рафт ва то охири умр муаллимӣ кард. Ӯ амирону ҳокимони беҳунар, рӯҳониёну мударрисони ҷоҳил, усули таълими мактабу мадрасаҳои куҳнаро монеаи ҷиддии пешравии кишвар ва саодату хушбахтии мардум медонист.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҷзӣ ба мазмуни ғазал ва шаклу мундариҷаи маснавӣ (достон) дигаргунӣ ворид кард. Дар даврони амирӣ бештар бо рамзҳои бедилӣ шеър мегуфт ва маъниҳову рамзҳои сарбастаро ба кор мебурд, ки онҳоро на ҳама мефаҳмиданд. Вай чун маорифпарвару таҷаддудхоҳ тарафдори дахолати фаъолонаи адиб ба воқеияти зиндагӣ ва шеъри иҷтимоӣ буд. Адибонро ба тасвири ҳақиқӣ ва воқеияти ҳаёт даъват мекард. Қаҳрамони лирикии Аҷзӣ дӯстдори меҳану миллат, маорифпарвар, некбин, мубориз ва муқобили зулму истибдод буд. Достони «Миръоти ибрат» асари рамзӣ буда, персонажҳои марказии он пири хирадманд аз Аврупо ва тӯтии гӯёи ӯст, ки шоир аз забони онҳо ормонҳои худро баён намудааст. Дар достони «Анҷумани арвоҳ» қаҳрамони мусбат худи шоир буда, арвоҳи амирону вазирон, махсусан, амир Музаффар ва писараш Абдулаҳад, инчунин шахсияти наберааш Олимхон, вазирон, рӯҳониён ва хушомадгӯёни ӯро мавриди ҳаҷву истеҳзо қарор додааст. Ҳар ду достони Аҷзӣ ғояҳои маорифпарварӣ-ислоҳотхоҳӣ дошта, дар замони худ барои бедории афкори иҷтимоии адибони таҷаддудхоҳ ва халқи заҳматкаш нақши муҳим бозидаанд. Шоири маорифпарвар ва ислоҳотхоҳ Тошхоҷа Асирӣ дар пайравӣ ба Аҷзӣ «Тамсили Асирии Хуҷандӣ» бар «Миръоти ибрат»-и Аҷзии Самарқандӣ, ё худ «Ҷӯи Бекобод»-ро эҷод кардааст. Садриддин Айнӣ низ дар шеъри «Ёди мозӣ» аз таъсири ғоявии «Миръоти ибрат» ёдовар шудааст.
Шеърҳо ва асарҳои тарҷумавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҷзӣ шеърҳои ҳаҷвӣ низ навишта, бо имзои мустаори «Гумном», «Тир», «Шарифбек», «Найза», «Шарора», «Алмос» ва ғайра дар маҷ. «Машраб» ва «Мулло Мушфиқӣ» чоп кардааст. А. ба ҷуз «Қиссаи моҳигир ва моҳии тило»-и А. С. Пушкин, «Шинел»-и Н. В. Гогол, шеърҳои «Маймун ва айнак», «Зоғ ва рӯбоҳ»-и А. Н. Крилов ва баъзе асарҳои адибони дигари русро ба тоҷикӣ гардондааст. «Хотираҳои шикорчӣ»-и Тургеневро тарҷума карда, дар пайравии ӯ «Шикор» ном ҳикояе навиштааст, ки онҳоро бинобар мушкилии нашр дар замони амирӣ чоп кунонда натавонистааст. Танҳо «Шинел» дар давраи шӯравӣ соли 1926 ба забони ӯзбекӣ дар маҷ. «Маориф ва уқитувчи» (1926, № 1, 2, 3) ба табъ расидааст. Аз мероси адабии тоинқилобии (то 1917) А. инчунин асари нотамоми «Достони ҷанги Булғор» боқӣ мондааст. «Муколамаи фаҷоия» асари мансури Аҷзӣ то ҳол дастраси муҳаққиқон нагардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҷзӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Мирзозода Х. Материалҳо аз таърихи адабиёти тоҷик. Сталинобод, 1950;
- Раҷабов З. Шоир Аҷзӣ дар бораи маданияти халқи рус // Маҷ. «Шарқи Сурх». 1950, №9;
- Раҷабов З. Аҷзӣ ва Асирӣ. Сталинобод. 1951;
- Ҳодизода Р. Афкори маорифпарварӣ дар ашъори Аҷзӣ // Маҷ. «Рӯдакӣ». 1386 ҳ. шаҳри (2007) — №16;
- Шакурӣ М. Нигоҳе ба адабиёти садаи бист. Д., 2006