Jump to content

Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) ‘Acâyibü’l-Mahlûkāt ve Garâyibü’l-Mevcûdât[d] ва Acayip Yaratıklar Sözlüğü[d]
Нависанда Закариёи Қазвинӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор
Кошии луобдор бо нақши мор, харгӯш ва сангпушт ба унвони нигорае барои озини китоби «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот»

«Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот» (ар. عجائب المخلوقات و غرائب الموجودات‎ — Шигифтиҳои офаридагон ва мавҷудот) — асари донишманд ва сайёҳи форс-тоҷик Закариё ибни Муҳаммади Қазвинӣ оид ба аҷоиботу ғароиби кишварҳои олам.

Маълумоти ҷуғрофиёӣ, мардумшиносӣ (этнографӣ) — инчунин маълумотро оид ба таркиби Замин, олами ҳайвоноту наботот, адабиёту адибон, эҷодиёти шифоҳии халқ, забону лаҳҷаҳои гуногуни дунё, донишмандон, ҳокимону подшоҳони давраҳои гузашта дар бар мегирад. Дар асар минётураҳои ранга, аксҳои гуногун вобаста ба ҳар мавзӯъ ҷой дода шудаанд (акси наботот, ҳайвоноту парандаҳо ва махлуқоти афсонавӣ, ҷирмҳои осмонӣ, тақвиму солномаҳо, ҷашну маросимҳои гуногуни мардумон ва қавму қабоил). Аксар маълумоту санадҳои «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот» ба давраи тоисломӣ (аз ҷумла замони Сосониён, адабиёти паҳлавӣ) ва садри ислом мансубанд. Муаллифи «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот» оид ба сохти ҷуғрофии Замин, ҳодисаҳои табиат (зилзила, тӯфонҳо, оташфишонии вулқонҳо ва ғайра) маълумот дода, муҳити оташу об, ҳавову Замин, зузанабҳо ва рӯйдодҳои атмосфераро инъикос кардааст. Баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо, кӯҳҳо, чашмаҳои машҳур, чоҳҳои бузург номбар шудаанд. Дар «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот» инчунин мувофиқи тасаввуроти табиатшиносию илмии муаллиф ва замони ӯ се шакли мавҷудоти табиат (органикӣ, ноорганикӣ ва набототу ҳайвонот) низ шарҳ ёфтааст; оид ба хусусияти анатомию физиологии мардумони гуногун (қавму қабоил) маълумот дода шудааст. Умуман, «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот» чун қомуси илмию оммавӣ комёбиҳои асосии табиатшиносӣ ва инсоншиносии Шарқро дар асрҳои миёна ҷамъбаст намудааст. «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот» ба забонҳои лотинӣ, олмонӣ, славянии қадим, туркӣ, ӯзбекӣ, тоторӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Дастнависи «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот», ки соли 1280 китобат шудааст, дар яке аз китобхонаҳои шаҳри Мюнхен (Олмон) — як нусхаи дигар (ба забони арабӣ) дар китобхонаи Шуъбаи Санкт-Петербургии Институти шарқшиносии АИ Федератсияи Россия маҳфуз аст.

  • Крачковский И. Ю. Избр. соч. Т. 4. М.-Л., 1957.