Jump to content

Закариёи Қазвинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Закариёи Қазвинӣ
ар. زكريَّا بن مُحمَّد بن محمود القزويني
Таърихи таваллуд 1203[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1283[1][2][3][…]
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ илмҳои табиъӣ[4], кайҳоннигорӣ[d][4] ва ҷуғрофиё[4]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Закариёи Қазвинӣ (Закариё ибни Муҳаммад ибни Маҳмуд Макмунии Қазвинӣ; ар. زكرياء بن محمد القزوينى‎; 1203, Қазвин — 1283, Бағдод) — ҷуғрофиёдон, ҳаким, таърихнигор, нависанда ва файласуфи форс-тоҷик[5][6][7].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Насаби Закираиёи Қазвинӣ ба Молик ибни Анас мерасад. Ӯ шогирди Асируддин Абҳарӣ, ҳакими бузурги форсу тоҷик буд. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, минбаъд дар Дорулулуми Шом таҳсил кардааст. Дар Димашқ бо Муҳайуддин ибн ал-Арабӣ вохӯрда, пайрави мактаби тариқати ӯ мешавад. Дар давраи салтанати хилофати Мустаъсими Аббосӣ дар Восит ва Ҳилла ба мансаби қазо расидааст. То замони ҳуҷуми Ҳулоку ба Бағдод (1258) дар он ҷо зиндагӣ карда, сипас ба Димашқ баргаштааст. Қазвинӣ ба мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна (ба шаҳрҳои Эрон ва Ироқ) мусофират дошта, тақрибан соли 1233 ба шаҳрҳои Димашқ, Мавасил, Восит ва ал-Хилл сафар кардааст.

Ду асари ҷуғрофиёиаш «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот» (Шигифтиҳои офаридагон ва мавҷудот; 1280) ва «Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод» (Осори шаҳрҳо ва ахбор дар бораи бандагони Худо; 1275) бо забонҳои арабӣ ва форсӣ боқӣ мондааст.

«Аҷоибу-л-махлуқот»

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Аҷоибу-л-махлуқот» яке аз машҳуртарин асарҳои космографӣ буда, ба забонҳои гуногуни дунё (лотинӣ, туркӣ, олмонӣ, тоторӣ, ӯзбекӣ, славянии қадим ва ғайра) тарҷума шудааст. Асоси онро тасвири космографӣ, ҷуғрофиёӣ, геологӣ, этнографии рӯи Замин, олами ҳайвонот ва наботот ташкил медиҳад. Закариёи Қазвинӣ ҷирмҳои осмонӣ, таърихи атиқа ва низом (система)-и тақвим, ҷашну анъанҳои гуногуни халқияту қабилаҳоро тасвир кардааст. Дар бораи сохти ҷуғрофиёии Замин, ҳодисаҳои табиӣ (заминларза, тӯфонҳо, оташфишонии вулканҳо ва ғайра) маълумот дода, муҳити оташу об, боду хок, шиҳобпора (метиорит) ва ҳодисаҳои атмосфериро инъикос кардааст. Баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳои машҳур, силсилакӯҳҳо, чоҳҳо дар ин асар дақиқ номбар шудаанд. Ӯ мувофиқи тасаввуроти илмиву табиатшиносии замони худ се шакли мавҷудоти табиат (органикӣ, ғайриорганикӣ ва набототу ҳайвонот)-ро шарҳ додааст. Дар қисми космографӣ инсон (хусусияти анатомиву физиологии ӯ, таснифи қавми инсонӣ оид ба аломатҳои этнографӣ)-ро тасвир кардааст. «Аҷоибу-л-махлуқот» энсиклопедияи илмиву оммавие мебошад, ки комёбиҳои асосии табиатшиносиву инсонпарваронаи Шарқи асри миёнаро ҷамъбаст намудааст. Ин китоб бо минётуру расмҳои гуногун зинат дода шудааст.

Дастхатти қадимии «Аҷоибу-л-махлуқот», ки дар замони зиндагии Қазвинӣ (1280) китобат шудааст, дар китобхонаи шаҳри Мюнхени Олмон маҳфуз аст.

«Осору-л-билод»

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Осору-л-билод» хусусияти ҷуғрофиёӣ дошта, дар он тасвири сатҳи Замин аз рӯи низоми «Ҳафт иқлим» шарҳ дода шудааст. Дар дохили ҳар як минтақа шаҳрҳо, баҳрҳо, дарёҳо, кӯлҳо, ҷазираҳо ва ғайра тасвир ёфтаанд. Дар асари мазкур дар бораи шаҳрҳо ва мардуми Мовароуннаҳр маълумоти хеле ҷолиб оварда шудааст. Асар аз рӯи хусусият ва бандубаст ба луғати ҷуғрофиёии Ёқути Ҳамавӣ шабоҳат дорад. Эҷодиёти Закариёи Қазвинӣ ба рушди адабиёти космографии давраи баъдии араб, аз ҷумла ба эҷодиёти Замирӣ (1349—1405), Бақувӣ (нимаи аввали садаи XV) ва дигарон таъсири бузург расондааст.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Universalis (фр.)Encyclopædia Britannica, 1968.
  3. 3.0 3.1 RKDartists (нидерл.)
  4. 4.0 4.1 4.2 Чешская национальная авторитетная база данных
  5. ĀṮĀR AL-BELĀD, C. E. Bosworth, Encyclopaedia Iranica; "Ātar Al-Belad: the title of a geographical work composed in Arabic during the 7th/13th century by the Persian scholar Abū Yaḥyā Zakarīyāʾ b. Moḥammad Qazvīnī". iranicaonline.org
  6. Iranian Entomology: An Introduction, Volume I, ed. Cyrus Abivardi, (Springer, 2001), 495.
  7. Bernard Lewis, A Middle East Mosaic: Fragments of Life, Letters and History, (Random House, 2000), 439.