Аҷузкампир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Аҷузкампир — номҳои дигар Аҷуз, Оҷуз, Аямаҷуз, Девкампир, Қақа, Кампири Зол, Ялмоғузкампир, Момо Муруса — яке аз қаҳрамонҳои афсонаҳои мардумии тоҷик.

Симо[вироиш]

Аҷузкампир ба шакли пирзанест бадбашара, девсурат, ҷодугар, зишткор ва ғайра Дар афсонаҳо, асосан, симои манфӣ аст. Дар баъзе афсонаҳо Аҷузкампир зоҳиран ба қаҳрамони асосии афсона ёрӣ мерасонад, вале дар асл бар зидди ӯ амал мекунад. Дар афсонаҳои «Подшоҳи ҳафтдухтара», «Кали шафтолухӯрак», «Донак» ва ғайра Аҷузкампир чун ҷодугар, гоҳе дар симои пирзани меҳрубон, хайрхоҳ ва гоҳе бадҳайбат, одамхӯр пайдо шуда, ба симоҳои мусбати афсона зарар мерасонад.

Ривоятҳо[вироиш]

Ривоятҳое мавҷуданд, ки дар онҳо Аҷузкампир дар ҳақиқат пирзани меҳрубону ғамхор аст. Мувофиқи ривояте Худованд барои Баҳор қасри нилгуне сохт. Аҷузкампир дояи Баҳор буд. Баробари наздик шудани зоиши Наврӯз шамоли сахте мешаваду абрҳоро пароканда мекунад. Ин шамолро мардум «шамоли Аҷузкампир» мегӯянд. Баъд аз он Наврӯз ба дунё меояд. Аҷузкампир ё ин ки аҷуза, оҷуз (дар Яғноб Холҷун мегӯянд) бо сармои зимистон иртибот дорад, яъне рамзи зимистон аст, ки ҳафт рӯз дар моҳи Ҳут давом мекунад. Ин ҳафт рӯзро мардум, махсусан занон наҳс мешуморанд: шустушӯ, нохунгирӣ, тӯйи хатна, арӯсӣ ва дигар корҳои муҳимро иҷро намекунанд. Дар Бухоро, Самарқанд, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғайра сардии зимистонро «Кампир дар ғор» (бо омадани Баҳор кампир ба ғор медарояд) ё «кампир дар қуттӣ» («Ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қутӣ кунад») мегӯянд. Пирзан бо ҳамин шаклу шамоили Аҷузкампир дар афсонаҳои мардумони гуногуни олам, бо ҳамон номе, ки халқ ба забони худ ба он додааст, амал мекунад. Масалан, дар афсонаҳои русӣ Аҷузкампирро Бабаяга мегӯянд.

Адабиёт[вироиш]

  • Амонов Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб. - Душанбе,1963;
  • دهخدا علی اکبر. لغتنامه. تهران، ۱۳۷۳

Сарчашма[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]