Jump to content

Асрори Сомонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз А. Раҳмонфар)
Асрори Сомонӣ
Асрори Раҳмонфар
Номи пурра Асрори Раҳмонфари Сомонӣ
Таърихи таваллуд: 1 ноябр 1952(1952-11-01)
Зодгоҳ: деҳаи Артуч, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 14 феврал 2023(2023-02-14) (70 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Навъи фаъолият:

Асрори Сомонӣ (Асрори Раҳмонфари Сомонӣ; 1 ноябри 1952[1], деҳаи Артуч, ноҳияи Панҷакент — 14 феврали 2023, Душанбе) — нависанда, тарҷумон, адабиётшинос, ва рӯзноманигори тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2014).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асрори Раҳмонфари Сомонӣ 1 ноябри соли 1952 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1969 мактаби миёнаи № 6-и шаҳраки Колхозчиён, соли 1974 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба поён расондааст[2].

Баъди хатми донишгоҳ дар шуъбаи матншиносии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба кор пардохтааст. Солҳои 1980—1982 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ (дар Афғонистон), хидмати ҳарбиро ба ҷой оварда, баъдан фаъолияташро дар институти номбурда идома бахшидааст. Ҳамзамон, сармуҳаррири Студияи телевизиони Душанбе «Сомониён», сармуҳаррири ҳафтаномаи "Минбар «Трибуна», муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ёвари ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон будааст. Муддате ёварии раиси ҶСШК «Нафтрасон» ва сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро бар уҳда дошта, пайваста фаъолияти илмию эҷодиро ҳам пеш бурдааст.

Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, нахустин шеъру хабару мақолаҳояш дар авроқи рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявӣ («Зарафшон») ва ҷумҳуриявӣ («Машъал»-у «Пионери Тоҷикистон») ба табъ расидаанд. Муаллифи беш аз 300 очерку мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ, рисолаҳои «Носири Хусрав — шоири мутафаккир» (1978), «Родмарди хуҷистакор» (2001), «Ёқути сурх» (2005), «Марди роҳ» (2006), «Рӯдакиро суханаш тилви нубост…» (2009) ва «Яккатози майдони Ҷомишиносӣ» (2014) мебошад.

Мураттиб ва муфассири куллиёту мунтахаботи осори Рӯдакӣ, Умари Хайём, Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абрураҳмони Ҷомӣ, Фаттоҳии Нишопурӣ, Кироми Бухороӣ, Имлои Бухороӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Лоиқ Шералӣ, Беранги Кӯҳдоманӣ ва дигарҳост.

Намунаҳоеро аз осори В. Ванчура, С.Есенин, Р. Ҳамзатов, Е. Э. Бертелс, Қ. Қулиев, Р. Бёрнс, Н. Доризо, С. Островой, Р. Фарҳодӣ, В. Воскобойников, Р. Киффер, А. Салим, Ӯ.Ҷамол ва ғ. ба тоҷикӣ гардондааст. Иддае аз навиштаҳояш дар матбуоти Эрону Афғонистону Ӯзбекистон мунташир ва ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.

Бо чандин ордену медали ватаниву хориҷӣ, ифтихорномаҳо ва нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр шудааст.

Узви Созмони ховаршиносони шӯравӣ ва Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» ва аз соли 1993 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2014 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Асрори Раҳмонфари Сомонӣ 14 феврали 2023 дар шаҳри Душанбе даргузашт[3].

  1. Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Асрори Сомонӣ то таъсиси бошгоҳи “Ювентус”(тоҷ.). Pressa.tj. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (31 октябри 2022). 14 феврали 2023 санҷида шуд.
  2. Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст…(тоҷ.). Pressa.tj. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (23 октябри 2022). 14 феврали 2023 санҷида шуд.
  3. Журналист, мунаққид ва шоир Асрори Раҳмонфар даргузашт(тоҷ.). Pressa.tj. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (14 феврали 2023). 14 феврали 2023 санҷида шуд.
  • Асрори Сомонӣ // Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ). — Д. : «Адиб», 2014, — С. 227. — 320 с. — ISBN 978-99947-2-379-9