Jump to content

Бадеъуззамони Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бадеъуззамони Табрезӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Бадеъуззамони Табрезӣ (форсӣ: بدیع الزمان تبریزی‎, тахаллусаш Бадеъо; қарни XVII) — хаттот, настаълиқнавис ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Табрез таваллуд шуда, илмҳои замонашро ҳамон ҷо аз худ кардааст. Бадеъуззамони Табрезӣ аз адабиёту санъати форс, арабу турк ба хубӣ огоҳ буда, бо тахаллуси «Бадеъо» шеър низ гуфтааст. Ба тавассути санъати баланди хаттотӣ ва ашъори ширинаш ба дарбори шоҳ Аббоси Сафавӣ (ҳукмр. 1571–1629) роҳ ёфтааст. Намунаҳои осори хаттотӣ ва ашъораш то замони мо нарасидаанд.