Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бадруддини Заркашӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бадруддини Заркашӣ
араб. ар. الزركشي
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: фақеҳ, муаррих, муҳаддис, муваррихи қуруни вусто, нависанда
Таърихи таваллуд: 1344[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1392[1][2][3]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом, суннӣ ва ашъарӣ

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: фиқҳ, таърих, илми ҳадис ва улуми қуръонӣ
Устодон: Ибни Раҷаб[d]
Осор:
Вироиши Викидода

Бадруддин Муҳаммади Заркашӣ (ар. بدر الدين الزركشي‎) —фақеҳи шофеъӣ, адиб, муфассир, муҳаддис ва котиби мисрии туркии мамлукиасл.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Илми ҳадисро дар Димишқ аз Ибни Касир ва фиқҳро дар мадрасаи шофеъӣ дар Қоҳира омӯхт. Ба далели онки дар ҷавонӣ гулдузӣ ёд гирифта буд ба аз-Заркашӣ машҳур гашт[5].

Заркашӣ яке аз сертаълифтарин уламои ислом дар асри худ буда, аз вай осори зиёде дар риштаҳои мухталифи улуми исломӣ ва адабиёти араб бар ҷой мондааст. Китобҳои «Лақтату-л-аҷлон ва баллату-з-замъон», «Эълому-с-соҷид би аҳкоми-л-масоҷид», «Заҳру-л-ариш фӣ аҳкоми-л-ҳашиш», «ал-Баҳр-л-муҳит» дар усули фиқҳ (дар 3 ҷилд), «Шарҳу-т-„Танбеҳ“-и Абуисҳоқи Шерозӣ», «Шарҳу „Ҷамъи-л-ҷавомеъ“-и Субкӣ» дар фурӯъи фиқҳи шофеӣ, «ад-Дибоҷ фӣ тавзеҳи-л-„Минҳоҷ“-и Нававӣ», «Қавоиду-з-Заркашӣ фӣ-л-фиқҳ», «ат-Танқеҳ ли алфози-л-„Ҷомеи-с-саҳеҳ“» дар адаб, «Уқуду-л-ҷуммон, зайлу Вафаёти-л-аъён» ва «Маҷмӯа» дар фиқҳ аз осори ӯ мебошанд, ки баъзе аз онҳо ба табъ расида ва баъзе ҳанӯз чоп нашудаанд. Дар «Ҳадяту-л-орифин» аз 25 асари Заркашӣ ёд шудааст.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 https://wikidata-externalid-url.toolforge.org/?p=8034&url_prefix=https://opac.vatlib.it/auth/detail/&id=495/262680 (ингл.)
  3. 3.0 3.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  4. LIBRISNational Library of Sweden, 2012.
  5. Rippin, A.. «al-Zarkas̲h̲īEncyclopaedia of Islam, Second Edition. Edited by: P. Bearman, Th. Bianquis, C.E. Bosworth, E. van Donzel, W.P. Heinrichs. Brill Online, 2013.