Баз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баз, базз (ар. بز‎) — навъе аз матоъ, катон, қумош, шоҳӣ, газвор ва дигар анвои матоъҳои ғайриабрешимӣ аст, ки аз қадим дар фурӯши баззозон будааст. Решаи калимаи баззоз низ аз баз аст. Баз дар осори адибон ба маънии матоъ ё порча фаровон ба кор рафтааст:

Ба бозоргонӣ бирафтам зи Ҷаз,
Яке корвон дорам аз қаззу баз.
                              Фирдавсӣ

Дар китоби «Ҷомеъу-т-тамсил» матоъ ва қумошро ба маънии баз ба кор бурдаанд. Дар фарҳангҳо баз ба маъниҳои диг. низ омадааст: рабудан ва гирифтани чизе; ғолиб шудан, гирифтани чизе ба ситаму зӯр ва қаҳру ғазаб; расм, ойин, қоида, қонун, тарз, равиш. Дар «Фарҳанги Онандроҷ» дар бораи баз чунин ишорате аст: «Рашидӣ гуфта маънии ойин ва равишро аз баз, ки маънии қумоши арабӣ аст, гирифтаанд». Ҳамчунин баз ба таври мухтасар ба маънии базм, яъне маҷлиси айшу меҳмонӣ низ омадааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фарҳанги Онандроҷ. Лакҳнав, 1880.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]