Jump to content

Базми чавкӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Базми чавкӣ - Ин базми калони кӯчагӣ маъмулан бегоҳиҳо дар кӯчаҳо, боғҳо ва майдони васеи Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои калони тоҷикнишин барпо мешуд.

Одатан дар чанд ҷойи майдон ҳезум ё кунҷора оташ мегиронданд, ё дар даруни деги калон (ё даври ӯғур) каме равғани зағир рехта, дар лаби дег пилтаҳои ғафси карбосӣ гузошта оташро рӯшан мекарданд ва дар равшании он шодию сурур барпо менамуданд. Дар Бухоро базми чавкӣ ё худ «даври ӯғур» асосан дар ҷашни Наврӯз барпо мегардид. Дар он гурӯҳи калони ҳофизон, раққосон, масхарабозон ва зарофатгӯён ҳунарнамоӣ мекарданд.

Дар байни тоҷикони Бадахшони Афғонистон «базми қарсакӣ» низ шуҳрат дорад, ки дар баробари навохтану сароидану рақсидан ҳамагон қарс мезананд. Дар аксари минтақаи Тоҷикистон пеш аз ҷашни арӯсӣ базми духтарон низ баргузор мешавад, ки дар он фақат духтарон ва занони хешованди арӯс иштирок намуда, дар партави сурудҳо рақсу шодӣ мекунанд.

Зарфи чанд соли охир Ҳукумати Тоҷикистон ба баргузории ҷашнҳои милливу мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард ва маҳз ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки аз сол ба соли дигар Наврӯз барин ҷашни миллӣ шаҳомати ба худ хос касб мекунанд. Ҳукумати кишвар бо назардошти аҳамияти вижаи Наврӯз ва густарда будани ҷуғрофиёи он талош дорад барои бошукуҳтар баргузор кардани он тадбирҳои иловагӣ андешад. Бо ташаббуси шахсии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон анъанаи миллии доштани Наврӯзгоҳ эҳё шуд ва ҳоло як майдони ба масоҳат бузурге, ки пештар мавзеъи аспдавонӣ буд, ба Наврӯзгоҳ табдил дода шуд. Акнун ҳар сол сокинони Душанбе ҷашни асосиро дар ҳамин Наврӯзгоҳ бо ширкати ҳама ақшори ҷомеа таҷлил мекунанд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Нурджанов Н. Театральная и музыкальная жизнь столицы государства Саманидов. - Душанбе,, 2001;
  • Нурджанов Н. Традиционный театр таджиков. Т. 1 – 2. - - Душанбе, 2002.