Jump to content

Базми меҳмонхонагӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Базми меҳмонхонагӣ - дар гузашта пас аз ба поён расидани тӯй, баъди рафтани мардум хешовандон ва наздикони соҳиби маърака дар меҳмонхона базм ороста, аз сарояндагон сурудҳо мешуниданд, рақсу бозию шухӣ мекарданд. Ҳофизон бештар сурудҳои маъмули «Яккақарс», «Чорчиллик», «Баҳри тавил», «Ироқ», «Ҳусайнӣ» ва ғайраро месуруданд. Сурудхонӣ 2 – 3 соат давом мекард. Сипас навозандаи дар миёна нишаста зарберо бо дойра баланд зада, ба қисми рақсӣ ибтидо мегузошт. Раққос аз ҷой бархеста ба рақс медаромад. Ин гуна Базмҳо гоҳо то дамидани субҳ идома доштаанд. Дар шаҳрҳои калон ба монанди Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Исфара, Бухоро, Самарқанд ва ғ. то ба имрӯз Базмҳо дар меҳмонхонаҳо баргузор мешавад, ки он чун анъана аз замонҳои пеш боқӣ мондааст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Амонов Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб (Дар асоси материалҳои фолклори Сари Хосор). - Д., 1963;
  • Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон. - Д., 1978;
  • Андреев М. С. По этнологии Афганистана. Долина Панджшир (Материалы из поездки в Афганистан в 1926 году). - Ташкент, 1927;
  • Рахмони Р. Простонародная литература современного Афганистана (Устная авторская поэзия на языке дари), част 1 – 2. - М., 1994;
  • Нурджанов Н. Театральная и музыкальная жизнь столици государства Саманидов. - Д., 2001; ҳамон муалл.,
  • Традиционный театр таджиков. Т. 1 – 2. - Д., 2002.