Jump to content

Базм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Базм бо карнай дар ДМТ, Душанбе
Ҷашни иди Наврӯз, дар Душанбе
Ҷашни иди Наврӯз, дар боғи Ирам

Базм (форсӣ: بزم‎) — маҳфили хурсандӣ, ҷашни нишоту шодмонӣ, ки тавъам бо суруд, мусиқӣ, рақс, базлагӯӣ ва зиёфат доир мегардад.

Базм дар ҳамаи ҷашнҳо, аз ҷумла, Иди Наврӯзу Меҳргон, хатнасур, тӯйи арӯсӣ, зодрӯз ва амсоли инҳо, барпо мешавад. Асоси базм фароғату хушҳолӣ, суруду рақсу бозист. Дар базмҳои ҷашнҳои бузурги миллӣ тамоми қишри ҷомеа – зану мард, пиру ҷавон. навозандагону сарояндагон, бозигарону ширинкорон, аксиягӯю латифагӯён ширкат меварзиданд. Базмҳо таърихи тӯлонӣ дошта, ҳанӯз аз давраи подшоҳии Ҷамшед маъмул буданд. Яке аз базмҳое, ки дар замони бостон роиҷ будааст, аз рӯзгори Ҷамшед то ба имрӯз дар байни мардум бо номи «Базми Ҷам»-у «Базми Ҷамшедӣ» машҳур аст ва ҳоло низ мардум ба ҳамин ном ёдаш мекунанд. Аз ҷумла, Ҳофизи Шерозӣ дар мавриде ба ҳамин маънӣ ишоракунон мегӯяд:

Умратон бодо дароз, эй соқиёни базми Ҷам,
Гарчи ҷоми мо нашуд пурмай ба даврони шумо!

Шаъну шукӯҳи базм дар замони Сомониён хеле баланд будааст, ки дар ин бора Рӯдакӣ чунин овардааст:

Яке базми хуррам биёростанд,
Маю руду ромишгарон хостанд.

Дар замони гузашта, одатан, макони баргузории базмҳои бошукӯҳро базмгоҳ, як гӯшаи базмгоҳро базма, яъне маҷлиси айшу шодмонӣ, ороишдиҳандаи базмро базморо, омодакунандаи базмро базмсозу базмкунанда мегуфтанд. Дар рӯзгори пешин базм дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва шаҳрҳои қадимии тоҷикӣ дар ҷойҳои мухталиф мегузашт. Дар минтақаҳои кӯҳистони тоҷик– Бадахшону Хатлону Раштон базм (бештар дар фасли зимистон) дар алавхона барпо мешуд, ки вазифаи меҳмонхонаро адо мекард.

Доираи базмҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Базм, вобаста ба тарзу услуби ҳунарварон ва доираи шахсон (тамошогарон)-и интихобшуда, номҳои гуногун дорад:

Базми меҳмонхонагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Базми меҳмонхонагӣ

Базми меҳмонхонагӣ, дар гузашта, баъди гузаштани тӯю рафтани мардум, хешовандону наздикони соҳиби маърака дар меҳмонхона базм ороста, аз сарояндагон сурудҳо мешуниданд, рақсу бозию шӯхиҳо мекарданд. Ҳофизон бештар сурудҳои маъмули «Яккақарс», «Чорчиллик», «Баҳри тавил», «Ироқ», «Ҳусайнӣ» ва ғайраро месуруданд. Сурудхонӣ 2–3 соат давом мекард. Сипас навозандаи дар миёна нишаста зарберо бо дойира баланд зада, ба қисми рақсӣ ибтидо мегузошт. Раққос аз ҷой бархеста, ба рақс медаромад. Ин гуна базмҳо гоҳе то дамидани субҳ идома меёфтанд. Дар шаҳрҳои калон, монанди Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Исфара, Бухоро, Самарқанд ва ғ., то имрӯз базм дар меҳмонхонаҳо баргузор мешавад, ки чунин анъана аз замонҳои пешин боқӣ мондааст.[1][2]

Мақолаи асосӣ: Базми хоса

Базми хосса, маҳфиле, ки дар манзили шоҳону амалдорон, ҳокимону мансабдорон баргузор мешуд. Бар он гурӯҳи махсуси ҳунарии созандагону раққосон даъват мешуданд, ки аз 6–7 нафар иборат буданд. Ҳайати чунин гурӯҳи ҳунарӣ аз дойрадастон, дуторнавоз, рубобнавоз, ғижакнавоз, найнавоз, танбӯрнавоз, сатонавоз, нақоразан ва қобузнавоз иборат буд (таъдоди навозандагон вобаста ба маҳфил буд). Баъзан, дар ҳавои ансамбл, раққос ҳунар менамуд. Се найнавоз, ду дойирадаст ва раққос мавригихонӣ мекарданд.[1][3]

Базми дойрахабар

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Базми дойрахабар

Базми дойрахабар, ҷамъомаде, ки таҳти садои баланди дойра барпо мегардид ва аз оғози тантанае дарак медод. Ин базм умумӣ буда, ҳар кас метавонист иштирок кунад. Базми дойрахабар дар асрҳои пешин дар тамоми минтақаҳои Осиёи Марказӣ маъмул буд. Ин базм бо садои баланди дойра сурат мегирифт ва, маъмулан, дойранавозон бо навохтани дойра хабар медоданд, ки дар ҷое ҷашн, сур ё диг. навъи хурсандӣ, яъне базм, баргузор мешавад. Дар Бухоро «базми дойрахабар»-ро «базми сафолак» низ меноманд. Мардуми Бухоро истилоҳи «сафолак»-ро ба дойрадасти мумтоз Собири Сафолак (1845–1905) мансуб медонанд, ки бо ширкати 3–4 дойрадаст барпо мегардид. Онҳо дойраро баланд навохта, ҳунар нишон медоданд ва барои раққос лаҳзаи мусоиди пурхурӯш муҳайё менамуданд. Дар ин базм танҳо мерақсиданд. Базми сафолакро охириасри 19 ва аввали садаи XX бештар Собири Сафолак, Эшони Набихӯҷа ва Раҷаби Сиёҳ ташкил мекарданд. Ҳамчунин базми карнаю сурнай роиҷ буд, ки пеш аз ҷашнҳо ва гоҳе дар мобайни ҷашнҳо баргузор мешуд. Базми карнаю сурнай имрӯз ҳам дар ҷашнҳои бузурги миллӣ, арӯсӣ ва хатнасур роиҷ аст, ки баробари баланд шудани садои карнаю сурнай ҳозирин чанд лаҳза хушҳолӣ, кафзанӣ ва рақсу шодмонӣ мекунанд.[1][4]

Базми чавкӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Базми чавкӣ

Базми чавкӣ, базми калони кӯчагӣ, ки бегоҳиҳо дар кӯчаҳо, боғҳо ва регистонҳо майдони васеи марказии шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои калони тоҷикнишин барпо мешуд. Одатан, дар чанд ҷойи майдонаш ҳезуму кунҷора ё маводди дигари дерсӯз гулхан мегиронданд, ё ба деги калон ё ҳован каме равғани зағир рехта, дар лаби дегу ҳован пилтаҳои ғафси карбосӣ гузошта, оташро равшан мекарданд ва дар равшании он шодию сурур барпо менамуданд. Дар Бухоро базми чавкӣ ё худ «даври ӯғур», асосан, дар рӯзҳои Иди Наврӯз барпо мегардид. Дар базми чавкӣ гурӯҳи калони ҳофизон, раққосон, масхарабозон ва зарофатгӯён ҳунарнамоӣ мекарданд.[1][5]

Базми қарсакӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар байни тоҷикони Бадахшони Афғонистон «базми қарсакӣ» низ шуҳрат дорад, ки дар баробари навохтану сурудану рақсидан ҳамагон қарс мезананд. Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон пеш аз ҷашни арӯсӣ базми духтарон низ баргузор мешавад, ки дар он фақат духтарон ва занони хешованди арӯс иштирок ва дар ҳавои сурудҳои идонаи маросимӣ рақсу шодӣ мекунанд.[1][6]

Ҳоло барои баргузории базмҳои бузурги миллӣ дар шаҳри Душанбе Наврӯзгоҳ мавҷуд аст.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Аржанг»,2016. – 354 с.
  2. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.
  3. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.
  4. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.
  5. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.
  6. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.
  • Амонов Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб (дар асоси материалҳои фолклори Сари Хосор). Д., 1963;
  • Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон. Д., 1978;
  • Андреев М. С. По этнологии Афганистана. Долина Панджшир (Материалы из поездки в Афганистан в 1926 году). Т., 1927;
  • Рахмони Р. Простонародная литература современного Афганистана (устная авторская поэзия на языке дари). Ч. 1–2. М., 1994;
  • Нурджанов Н. Театральная и музыкальная жизнь столицы государства Саманидов. Д., 2001;
  • Нурджанов Н. Традиционный театр таджиков. Т. 1–2. Д., 2002.