Jump to content

Байти тахаллус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Байти тахаллус (форсӣ: بیت تخلص‎) — байтест, ки дар он тахаллуси шоир зикр меёбад. Зикри тахаллус дар шеър аз замони Рӯдакӣ шурӯъ шуда, то имрӯз (соли 2013) идома дорад. Байти тахаллус як навъ имзои муаллифи шеър аст, ки шеърашро аз шеъри шоирон диг. имтиёз медиҳад. Ҷойи байти тахаллус, асосан, дар охири шеър аст. Мас:

Соиб, касе ба рутбаи шеърам намерасад,
Дасти сухан гирифтаму бар осмон шудам.

Дар оғози шеъри форсӣ ҷойи байти тахаллус чандон мушаххас набуд, дар аввалу байну охири байт меомад. Мас.:

Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон
В-аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон!
                                 ***
Магзарон рӯзи саломат ба маломат, Ҳофиз,
Чӣ таваққуъ зи ҷаҳони гузарон медорӣ?!
                                 ***
Бедил, аз захм бувад равнақи дил,
Хандаи гул намаки гулзор аст!
                                 ***
Саййидо, баски ҷаҳон дар назарам танг шудаст,
Ҷой дар кунҷи қафас кардаам аз беватанӣ!

Дар давраҳои баъдӣ зикри байти тахаллус дар охири шеър маъмул гаштаву зикри ҳатмии он дар шеър ба ҳукми қонун даромада, яке аз шартҳои асосии эҷоди ғазал дониста мешуд. Дар шеъри шоирони замони шӯравии тоҷик ва баъди солҳои 90 садаи XX, ба истиснои Абулқосим Лоҳутӣ, овардани тахаллус кам ба назар мерасад.

  • Раҳмонов Ш. Байт ва муносибати он дар шеър. Д., 1980;
  • Раҳмонов Ш. Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсу тоҷик. Д., 2010.