Байт (шеър)
Байт (ар. بیت — хона) — ду мисраи шеър, ки асоси сохтори як идда анвои адабӣ, ба монанди қасида, маснавӣ, ғазал ва рубоиро ташкил медиҳад.
Хурдтарин воҳиди шеър
[вироиш | вироиши манбаъ]Байт хурдтарин воҳиди шеър аст, ки аз ду мисраи баробарвазн ва аксаран, ҳамқофия иборат мебошад. Байт агарчи шаклан хурд аст, метавонад дар худ як мазмуни томи ҳикамӣ, ишқӣ, ахлоқӣ ва тасвири мазараҳои табиатро фаро гирад. Кӯтоҳбаёнӣ меъёри асосии байт мебошад. Бинобар ин, байт василаи баёни андешаи бузург дар қолаби кӯчак аст. Абёти шоирони бузурги адабиёти классикии форс-тоҷик ва муосир намунаи олии кӯтоҳбаёнӣ, ифодаи муҷаз, риояи мантиқу таносуби калом мебошанд. Шоир барои баёни мавзӯе байте мегӯяд ва бо такмил додани он шеъри тамоме меофарад, ки аксари байтҳояш ҳамвазнанд ва байни ҳам робитаи мантиқӣ доранд. Баъзан ин кор нотамом мемонад ва шоир баъди як ё ду байт гуфтан наметавонад кори худро идома диҳад. Ин ҳол бештар дар ашъори шоирони сабки ҳиндӣ ба назар мерасад. Соиби Табрезӣ маҷмӯае аз абёти шоирони дигар мураттаб карда буд, ки бо номи «Сафинаи Соиб» машҳур аст. Ин гуна байтҳои фасеҳу пурмазмунро, ки дар ниҳояти камоли устодӣ гуфта шудаанд, шоҳбайт меноманд. Байтҳои ғазалиёт, қасоид ва рубоиҳои шоирони форсигӯ дорои тасвирҳои дилнишину гуворо ва шаклу вазну оҳангу қофияву радифу сужет мебошанд. Махсусан, радиф, хосса, радифҳои дароз, ба хотири оҳангнокию зебоии байт корбаст мешаванд. Шоир барои он ки аз доираи байт берун наравад, вазну қофияи ягонаи шеърро аз аввал то охир риоят мекунад. Ин нишонаҳо меъёри муайян кардани ҳудуди шеър мегарданд. Хусусан, мавқеи сарбайт (байти матлаъ) хеле муҳим аст. Байти матлаъ бояд устодонаву ҷаззоб гуфта шавад, то тавонад диққати хонанда ё шунавандаи шеърро то охир ҷалб намояд, ки инро ҳусни матлаъ мегӯянд. Байти охири шеър байти мақтаъ аст, ки як навъ ҷамъбасти шеър мебошад. Байти мақтаъро ҳусни мақтаъ низ мегӯянд. Дар он, аксаран, тахаллуси гӯяндаи шеър сабт мегардад. Ҳамин тариқ, байти матлаъ оғози сухан ва байти мақтаъ анҷоми сухан аст. Мисраъҳои байт бо ҳам робитаи мустаҳками маънавӣ доранд ва идомаву тақвиятдиҳандаи ҳамдигаранд, ки байти зерин далели равшани он аст:
Оқибат дар синаам дил аз тапидан боз монд,
Баски пар зад дар қафас, ин мурғ аз парвоз монд.
Соиб
Мувофиқи таълимоти адабиётшиносӣ, байт аз рукнҳо (сутунҳо) иборат аст. Масалан, байти зерини Ҳофиз:
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем!
дар вазни ҳазаҷи мусаммани солим (мафоӣлун, мафоӣлун, мафоӣлун, мафоӣлун /V – – – /V – – – / V – – – / V – – –) офарида шуда, аз 8 рукн иборат аст. Рукнҳои аввалу охири ҳар мисраъ номи махсус доранд: рукни аввали мисраи якум – садр, рукни охири мисраи якум – арӯз, рукни аввали мисраи дувум – ибтидо, рукни охири мисраи дувум – зарб ё аҷуз. Рукнҳои боқимондаро, ки дар байни ин рукнҳо меоянд, ҳашв мегӯянд.
Навъҳои байт вобаста ба вазифа
[вироиш | вироиши манбаъ]Байтро вобаста ба вазифааш дар шеър ба навъҳои зайл ҷудо мекунанд:
Тағйир ёфтани рукнҳо боиси дигар шудани вазну баҳри байт мегардад. Байтҳои ҳаштрукнӣ – мусамман, шашрукнӣ – мусаддас, чоррукнӣ – мураббаъ ном доранд.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амонов Р. Лирикаи халқии тоҷик. Д., 1968;
- Раҳмонов Ш. Байт ва муносибати он дар шеър. Д., 1980;
- Раҳмонов Ш. Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсу тоҷик. Д., 2010;
- Зеҳнӣ Т. Санъати сухан. Д., 2007;
- محمود کیانوش. قدما و نقد أدبی. تهران، ۱۳۵۲ هـ. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Байт // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.