Jump to content

Байт (эҷодиёти шифоҳӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Байт (форсӣ: بیت‎) — навъи алоҳидаи шеър ва яке аз анвои жанри ғиноӣ (лирикӣ) дар эҷодиёти шифоҳии мардум.

Байтро, аксаран, духтарону писарони ошиқу дилдода ё шахсоне, ки ғаму ғуссае доранд, шахсони ба ғарибӣ афтода, дур аз Ватан эҷод кардаанд. Ин гуна байтҳо сӯзу дарди ошиқона ё ҳиссиёти ғарибию бекасиро дар бар мегиранд, ки хеле пуртаъсиранд:

Чанд сол боз мусофири дарбадарам,
Об аз ду рухам резаду хун аз ҷигарам.
Ёрам, ёрам, ман дар ғамат беморам,
Ҷун дар кафи даст маътали дидорам.

Дар байтҳо тавассути васфи ҳусни маҳбуба эҳсоси шодию ғами гӯянда баён мегардад. Аксари байтҳои ишқӣ оҳанги навмедӣ ва ҷудоӣ аз ёру диёр, эътироз ба никоҳи маҷбурӣ ва ғ. доранд. Байтҳои мардумӣ, аксаран, ба ин ё он лаҳҷа гуфта мешаванд ва зебоияшон низ дар ҳамин аст, ки ҳолати гӯяндаро бо лаҳни худаш таҷассум месозанд. Азбаски чунин байтҳо офаридаи табъи шахсони синну солашон гуногун ва баъзан, таҳсилнакардаву ноогоҳ аз қавонини шеъру шоирианд, дар вазну қофияашон баъзе ноҳамворию норасоӣ ба назар мерасад. Аммо истифода аз санъатҳои бадеӣ, монанди ташбеҳу истиораву киноя ва ғ., онҳоро чунон зебову дилнишин кардааст, ки шунавандаро мафтун месозад. Байтҳои халқӣ дар ду вазни шеър – ҳиҷоӣ ва арӯз, ё дар ду вазни ба ҳам омезишёфта гуфта шудаанд. Дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик байтҳое вомехӯранд, ки ба абёти адабиёти хаттии форс-тоҷик ҳамоҳангӣ доранд. Мас., шоири форс-тоҷик Абуҳафси Суғдӣ гуфтааст:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо?

Мардум гуфтаанд:

Масчо-ба мурам, ки чашмасорҳо дорадо,
Обҳои хунуку лолазорҳо дорадо!
                             ** *
Кафтар шавамо, боғу чаманро бинамо,
Оҳу шавамо, кӯҳи баландро бинамо!

Калимаи байт дар забони гуфтугӯии тоҷикӣ инчунин маънои «суруд», «байт хондан» – «суруд хондан», «сароидан»-ро дорад.

  • Амонов Р. Лирикаи халқии тоҷик. Д., 1968;
  • Байтҳои халқии тоҷик / Мураттиб Н. Азимов. Д., 1982;
  • Баёзӣ фолклори тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1985.