Байъат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Байъат (ар. بيعة ‎‎) — шевае роиҷ дар фарҳанги исломӣ барои паймон бастани мардум бо имомону ҳокимон аст, ки дар асоси он ба вафодорӣ қавл медиҳанд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар байни арабҳои пеш аз ислом суннате вуҷуд доштааст, ки барои пазируфтани ҳокимият аз фарде ва уҳдадорӣ аз фармонбардорӣ аз вай байъат мекардаанд. Баъди ҷорӣ шудани ислом ҳам ин суннат идома ёфта, дар асри пайғамбар (с) ва хулафои рошидин аз тариқи тарафдорӣ кардан ба ҳокимият бо сардори он байъат мекарданд. Умуман, байъат метавонад ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ бошад, ки дар дувумӣ тавассути фиристодани нома фармонбардории худро аз ҳоким таъйид мекарданд.

Дар бораи байъат фақеҳон ақидаи гуногун доранд. Нахустин байъат пас аз зуҳури ислом «Байъати ашира» номида мешуд, ки дар соли севуми биъсат сурат гирифт. Чаҳор тан аз наздикони хешро Муҳаммад даъват намуда, хостори байъати онҳо шуд. Минбаъд аксари мардуми Мадина, баъдан Макка, ба ӯ байъат оварданд. Баъди Муҳаммад интихоби Абубакр ба хилофат бо ҳамин усул сурат гирифта буд, ҳарчанд гурӯҳе аз муҳоҷирону ансор бо ӯ байъат накарданд. Дар баъзе маъхазҳо гузориш ёфтааст, ки барои байъат гирифтан баъзан усулҳои зӯроварӣ ҳам истифода мешудаанд.

Умар мувофиқи мактубе, ки Абубакр пеш аз вафоташ дар он васият карда буд, аз мардум байъат гирифт ва ба сарварии хилофат расид. Аз ин рӯ, шеваи интихоби ӯ ба баъзе ихтилофҳо рӯ ба рӯ шуд. Умар таъйини халифаи баъди худро ба шӯрои шашнафара супурд, то аз миёни хеш якеро интихоб кунанд. Ин баргузидагони ҷомеа (нухбагон) бояд як нафарро интихоб ва мардуми Мадина бо ӯ байъат мекарданд, он гоҳ мардуми диг. минтақаҳо ҳам ин байъатро мепазируфтанд. Пас аз қатли Усмон мардум худашон ба хонаи Алӣ ибни Абитолиб омаданд ва хостори байъат бо ӯ шуданд. Алӣ ба исрори мардум посух дод, ки агар ин кор озодона ва бо ризои мардум дар масҷид анҷом дода шавад, ӯ сарварии хилофатро хоҳад пазируфт. Иттифоқан, ҳангоми ҷамъомад дар масҷид, на фақат мардуми Мадина, балки мардуми шаҳрҳои Мисру Ироқ ҳам гирд омаданд ва дар байъати умумӣ иштирок карданд. Бинобар ин, Алӣ дар яке аз суханрониҳояш гуфта буд, ки на ҳозирин дар бораи байъати мардум бо ман ҳаққи таҷдиди назар доранду на ғоибин ҳаққи рад.

Дар давраи Умавиёну Аббосиён байъат гирифтан аз мардум ривоҷ гирифтааст. Тадриҷан, баробари ташаккул ёфтани фирқаву мазҳабҳои гуногун, масъалаи байъат овардан ба масоили фиқҳи аҳли суннату ҷамоат омезиш ёфта, дар чаҳорчӯби фиқҳи исломӣ ҳаллу фасл мегардид. Шииён интихоби ҳоким(имом)-ро аз ҷониби Худо муқарраршуда мешумурданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • М. Ҳазратқулов. Ислом ва Абуҳанифа. Д., 2009.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]