Jump to content

Баланит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баланит
ИхтисосМезроҳпизишкӣ Edit this on Wikidata
Баланит
Илтиҳоби ғилофаки олати таносули мардон
МКБ-10 N48.148.1
МКБ-9 607.1607.1
DiseasesDB 1229
MedlinePlus 000862
eMedicine emerg/51 
MeSH D001446

Балани́т (юн. bálanos, ғилофаки олати таносул[1]) — газаки пӯсти сари олати таносули мардон. Одатан, бо илтиҳоби баргаки дохилии ғалафа ҳамроҳ мешавад. Дар чунин мавридҳо онро баланопастит меноманд. Баланит дар сурати танг будани ғалафа (фимоз) ва ғун шудани қатраҳои пешобу смегма (шираи ғилофаки нара) пайдо шуда, аксаран ба уретрит, диабети қанд ва дигар бемориҳо якҷо инкишоф меёбад.

Аломатҳои беморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми баланит сари олати таносул сӯзиш ва хориш мекунад. Аломатҳои мазкур хусусан баъди пешобронӣ шиддат меёбанд. Пӯсти сари олати таносул ва ғалафа варам карда, сурх мегардад, сатҳи онро реш фаро мегирад, аз сӯрохи он фасод меояд; баъзан уқдаҳои лимфавии қадкашак калон мешаванд. Дар мавриди газаки шадид алоқаи ҷинсиро бояд қатъ кард.

Худсарона нӯги олати таносулро кушода, ба он доруҳои гуногун молидан ё пошидан мумкин нест, зеро боиси паҳн шудани газак ва пайдоиши гангрена мегардад. Ҳатман ба духтури уролог муроҷиат кардан лозим аст. Ҳангоми фимоз ба амалиёти ҷарроҳӣ даст мезананд.

Пешгирии беморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо риояи қоидаҳои тозагӣ ва муолиҷаи саривақтии фимоз метавон баланитро ҷилавгирӣ кард. Пеш аз хоб ва пагоҳӣ аъзои ҷинсиро бо оби ширгарму собун шустан лозим аст. Дар одамоне, ки хатна карда шудаанд, Б. ба мушоҳида намерасад.

  1. Советский энциклопедический словарь / Гл. ред. А.М. Прохоров. — 4-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1988. — 1600 с.
  • Оперативная урология. М., 2003;
  • Урология. М., 2005.