Балозурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Балозурӣ
ар. أبو الحسن أحمد بن يحيى بن جابر البلاذري
Санаи таваллуд:

806

Зодгоҳ:
Санаи марг:

892[1][2][3]

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Commons-logo.svg Балозурӣ дар Викианбор

Балозурӣ (Абулҳасан Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир ибни Довуд; ар. أبو الحسن أحمد بن يحيى بن جابر البلاذري‎, тақр. 820892) — муаррихи араб, ки аслан эронист.

Зиндагинома[вироиш]

Бобояш Ҷобир ибни Довуд дар Миср вазифаи котибии ал-Ҳасиб ва садри девони хироҷи мамлакатро ба уҳда дошт. Дар ҷавонӣ илмҳои замонаашро омӯхта, аз осори донишмандони даврони гузашта, монанди Муҳаммад ибни Саъдӣ, Котиби Воҳидӣ, Алӣ ибни Муҳаммади Мадоинӣ, Абуубайд Қосим ибни Салом ва диг. бархурдор гардида, ба дарбори халифаҳои аббосӣ роҳ ёфт. Халифагон Мутаваккил (847–861), Мустаъин (862–866) ва Муътазил (866–869) ба Балозурӣ мақоми басазое додаанд, аммо дар ох. умр аз дарбор дур карда шуд ва дар ғояти бенавоию маризӣ аз олам даргузашт. Балозурӣ муносибати дороёни ҳақношиносро нисбати аҳли илм дар ҳаҷвияҳояш мазаммат кардааст.

Осори боқимонда[вироиш]

Аз осори Балозурӣ ду асари муҳимми таърихӣ «Футӯҳу-л-булдон» (“Фатҳи кишвар­ҳо”) ва «Ансобу-л-ашроф» («Насабҳои ашроф») то ба им­рӯз расидаанд. Дар асари «Футӯҳу-л-булдон» фатҳи мамолики гуногун аз тарафи Хилофати араб дар пайдар­ҳамӣ дода шудааст (Сурия, Кипр, Арманистон, Миср, Мағриб, Африқо, Андалусия, Ироқ, Эрон, Қафқоз, Афғо­нистон ва ғ.). Китоб аз 90 боб иборат буда, яке аз онҳо ба фатҳи Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар асар оид ба масоили сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иттилооти фаровон дода шудааст. Китоби “Ансобу-л-ашроф” таърихи давраи исломро дар шакли таборшиносӣ инъикос карда, шарҳи мухтасари шаҷараи насли Исмоил, аз Нӯҳ то қаби­лаҳои аҷдоди Қурайш, ахавони саҳоба (ҳамсуҳ­батони Муҳаммад пайғамбар), хонадони Аббосиён, Алавиён, Умавиён аз ҷумла аз шарҳи аҳволи Абубакр ва Умарро додааст. Дастнависи он дар 1227 саҳифа дар китобхонаи Истанбул маҳфуз аст, матни комилаш дар 13 ҷилд (5824 саҳифа) дар Бағдод нашр гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]