Jump to content

Балтимор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Округи шаҳрӣ
Балтимор
англ. Baltimore
Парчам
Парчам
39°17′11″ с. ш. 76°36′54″ з. д.HGЯO
Кишвар ИМА
Роҳбар Brandon Scott[d][1][2]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1729[3]
Масоҳат
Баландии марказ 10 ± 1 м
Минтақаи замонӣ EDT[d], UTC−05:00[d], UTC−04:00[d] ва America/New_York[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Номи қавмӣ балтиморӣ, балтимориҳо
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 410, 443, 667
Нишонаи почта 21201–21298
Дигар
Сайт о городе Русскоязычный портал
Балтимора и Вашингтона

baltimorecity.gov
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Балтимор дар харитаи
Балтимор
Балтимор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Балтимор (англ. Baltimore [ˈbɒltɨmɔr]) — шаҳр дар иёлати Мэриленди ИМА, дар соҳили халиҷи Чесапики Уқёнуси Атлантик.

Аҳолиаш 638 ҳазор нафар (бо аҳолии атрофаш 2,7 млн нафар, 2010), аз ин миқдор 64 дарсадро амрикоиҳои африқоинажод, зодагони Амрикои Лотинӣ ташкил медиҳанд. Бандари калони баҳрӣ (гардиши мол дар як сол 25 млн т). Фурудгоҳи байналмилалиаш ба Балтимор ва Вашингтон хидмат мерасонад; маркази р.о. ва автомобилгард. Балтимор маркази муҳимми саноат, савдо, молия ва илми ҷан. шарқии ИМА аст. Хусусан, филиззоти сиёҳ ва ранга, истеҳсоли арматур, электротехника, радиоэлектроника, таҷҳизоти авиакайҳонӣ, мошинасозӣ (асосан киштисозӣ), коркарди нафт, кимиё ва хӯрокворӣ тараққӣ кардааст. Инчунин саноати дорусозӣ, табъу нашр ва дӯзандагӣ пеш рафтааст. Дар Балтимор 60 ташхисгоҳи таҳқиқотии федералӣ (дар соҳаи физика, уқёнусшиносӣ, дорусозӣ ва таҷҳизоти тиббӣ), Маркази Колумб (биотехнологияи баҳрӣ), Маркази илмии иёлати Мэриленд, Донишгоҳи Ҷ. Гопкинс (1876), Маҷмӯи донишгоҳҳои иёлати Мэриленд (Таусон, Мэриленд ва Балтимор), донишгоҳи яҳудӣ (1919), Консерваторияи Пибодӣ (1857), Нигористони бадеии Уолтерс, Осорхонаи санъат, Осорхонаи таърихи Мэриленд, оркестри симфонӣ, театри опера, Китобхонаи Иноч-Пратт (1884) мавҷуданд. Ёдгорҳои меъморӣ ва таърихӣ: Маъбади румӣ-католикии Марияи Муқаддас (1820), Қалъаи Мак-Генрӣ, осорхонаи инфиродӣ ва мадфани нависанда Эдгар Аллан По.

Балтимор соли 1729 аз тарафи мустамликадорони англис бунёд ёфта, ба шарафи лорди англис, аввалин мустамликадори Мэриленд — Балтимор номгузорӣ шудааст. Охири садаи XVIII ва аввали садаи XIX Балтимор маркази киштисозӣ буд. Соли 1797 дар Балтимор бори нахустин киштии ҳарбии амрикоӣ «Констеллейшн» сохта шуд. Аз. соли 1797 — шаҳр аст. Дар с-ҳои 1828-1830 аввалин роҳи оҳани ИМА — «Балтимор — Огайо» бунёд ёфтааст.