Jump to content

Балхаш (шаҳр)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Балхаш
қаз.: Балқаш
Нишон
Нишон
46°50′34″ с. ш. 74°58′39″ в. д.HGЯO
Кишвар  Қазоқистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1932
Масоҳат
  • 230 км²
Баландии марказ 440 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+6:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Номи қавмӣ балхашӣ, балха́шиҳо
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 100300—100316
Дигар
Ҷоизаҳо Ордени Дӯстии халқҳо

balkhash.gov.kz/ru/
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Балхаш дар харитаи
Балхаш
Балхаш
 Парвандаҳо дар Викианбор
Намои шаҳри Балхаш. Атрофи ҷанубӣ

Балха́ш (қаз.: Балқаш) — шаҳр дар вилояти Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон.

Дар соҳили кӯли Балхаш, дар халиҷи Бертис, 380 км дуртар аз Қарағанда ҷойгир аст. Аҳолиаш бо сокинони атрофи он 77396 нафар (2012).

Балхаш яке аз марказҳои муҳимми саноати филиззоти рангаи Қазоқистон аст. Соли 1937, баъди сохтани Комбинати металлургияи кӯҳии мисгудозӣ бунёд ёфтааст. Дар ҳудуди Балхаш 400 корхона, аз ҷумла, комб-ҳои консерваи гӯшту моҳӣ, масолеҳи бинокорӣ, заводдҳои механикӣ, Комбинати металлургии Иттиҳодияи истеҳсолии «Балхашцветмет», з-ди коркарди филиззоти ранга (асосан ба коркарди хӯлаи мис сарукор дошта, талаботи сиккахонаҳоро таъмин месозанд), корхонаҳои саноати хӯрокворӣ («Балхашнон», «Балхашсут») фаъолият доранд. Тангаҳои Қазоқистон, Россия, Олмон ва Ҳиндустон маҳз аз масолеҳи заводи коркарди филиззоти рангаи Балхаш сикка зада мешаванд. Соли 1967 миси Балхаш дар Намоишгоҳи байналмилалии Лондон намунаи аълои миси ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Илм ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Балхаш, инчунин, Донишкадаи марказии технология ва менеҷменти Қазоқистон, омӯзишгоҳи тиббӣ, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, боғи ботаникии АИ Қазоқистон, аэропорт, 36 муассисаи таълимӣ, 10 кӯдакистон, омӯзишгоҳи касбии техникӣ, 8 меҳмонхона барои 180 ҷой (бузургтаринашон «Алпина» ва «Жемчужина»), китобхона, тарабхонаҳо, маҷмааҳои варзишию тандурустӣ мавҷуданд.

Дар Балхаш мавзеъҳои саёҳатию туристӣ зиёданд, аз ҷумла, мавзеи Бектой-Ота минтақаи истироҳатии машҳур аст.