Jump to content

Банги девона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Банги девона
Datura stramonium
Гунаи умумии рустании гулкарда
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Datura stramonium L.

Бáнгидевонá, аҷинахорак, тотура, шонаи аҷина, ҷавзи масил (лот. Datúra stramónium) — гиёҳест яксола.

То 1,5 м қад мекашад. Пояи рости сершох, барги дарозрӯяи паррадор, гули қифшакли сафед, ғӯзаи байзашакли сершох, тухми гурдашакли сиёҳ дорад. Аз аввали баҳор то охири тирамоҳ гулу мева мекунад. Бангидевона дарёи гиёҳи басо заҳрнок ва бадбӯй буда, ҳамчун алафи бегона дар боғу киштзор, заминҳои партов, қад-қади ҷӯйбор, соҳили дарё, канори роҳҳо мерӯяд. Дар саросари Тоҷикистон (ғайр аз Помири Шарқӣ) паҳн шудааст. Барги бангидевона дарёи ашёи хоми давоӣ буда, онро дар давраи гулшукуфти рустанӣ меғундоранд.

Дар хусуси таъсири бангидевона дарёи ба организм дар дастнависҳои Миср ишора шудааст. Олими Юнони Қадим Теофраст бангидевонаро чун заҳри ҷунуновар тавсиф намудааст. Абуалии Сино қайд кардааст, ки бангидевона дарёи касро масту мадҳуш мекунад ва барои мағзи сару дил зиёновар аст. Ба ақидаи Абурайҳони Берунӣ, як донг (0,531 г) тухми бангидевона дарёи касро маст мекунад ва як мисқоли он (4,250 г) одамро мекушад.

Хосияти шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тибби халқӣ тухми бангидевонаро барои тайёр кардани доруҳои мураккаб истифода мебаранд. Бо ҷӯшоби тухми бангидевона дарёи ҳангоми дарди дандон, сардард ва табларза даҳонро обгардон мекунанд, дар вақти дарди сахти дил, меъда (баъзан, ҳангоми дарди тахтапушту сина) чун воситаи дардбару хобовар кор мефармоянд. Баъзе табибон бангидевонаро барои муолиҷаи зиқи нафас, саромос ва чун воситаи таскинбахши бемориҳои асабу рӯҳӣ, невралгия, тарбоду радикулити музмин тавсия медиҳанд. Дар гомеопатия он барои табобати бемориҳои рӯҳӣ, кузоз, саръ, фалаҷ, сарсом, сурфакабудак истифода мешавад. Ҷавҳари спиртии тухми бангидевонаро баъзан ҳангоми бемории саратон тавсия медиҳанд. Доруҳои банги девона дарёи («астматин», «астматол», «солутан»)-ро дар тибби муосир барои давои зиқи нафас, амрози асабу рӯҳӣ, тарбод, невралгия ва ғайра кор мефармоянд.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  • Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их приминение. М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. М., 1976;
  • Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989.