Jump to content

Банотуннаъш (ситора)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Банотуннаъш (ар. بنات‌النعش‎ – «банот» ҷамъи «бинт» – духтар ва дар маънои маҷозӣ аз калимаҳои «ҳамсохт», «ҳамто», «ҳамҳайат» ва «наъш» – тани беҷон, ҷасад; инчунин, «пешвои духтарони сӯгвор» низ вомехӯрад) — яке аз ҳафт ситораи бурҷи Дубби Акбар (η UMa / η Ursae Majoris), ки бо номҳои Бенетнаш ва Алкаид низ ёд мешавад.

Банотуннаъш сеюмин ситораи мунири бурҷ ва 35-умин дар осмони ситоразор буда, аз Офтоб дар масофаи 101 с. р. (30,9 пк) ҷойгир шудааст. Радиуси Банотуннаъш 1,8, равшаноиаш 700, массааш 6 маротиба аз Офтоб бузург ва чархишаш 200 км/с аст. Ҳарор. сатҳи Банотуннаъш 22000 К буда, ба ситораҳои пурҳарорат мансуб аст ва бо чашм мушоҳида мешавад.


Шаблон:Astronomy-stub