Банҷ
| Банҷ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||
|
ХАТО: пур кардани параметрҳои parent ва rang ҳатмӣ аст.
???: Банҷ |
||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||
| Мутародифот | ||||||||||
|
По данным Каталога жизни[en](англ.) [2]:
|
||||||||||
| ||||||||||
Банҷ, базрулбанҷ, шайтонкоса (лот. Hyoscyamus niger) — гиёҳи дусола, мансуби авранҷиҳо.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баландиаш 20-125см. Пояи рост, сершоҳ, барги байзашакл ё нештаршакли дарозрӯя, гули сафеди зардтоб, ғӯзаи кӯзачашакли сертухм, мудаввар ё гурданамои бӯртоб ё сиёҳ дорад. Аз апрел то сентябр гулу мева мекунад. Гиёҳи басо зарҳнок ва бадбӯй, ҳамчун алафи бегона дар боғу киштзор, заминҳои бекорхобида, наздикии истиқоматгоҳ,канори роҳ, марғзору буттазор ва ғайра месабзад. Банҷи хурдрӯй дар Европаи Миёна, кишварҳои Скандинавияю Баҳри Миёназамин, Балкану Осиёи Хурд Эрон, Муғулистону Хитой ва СССР (қисми Аврупо, Қрим, Қафқоз, Сибири Ғарбӣ ва Шарқӣ, Шарқи Дур, Осиёи Миёна) паҳн шудааст. Ба Америкаи Шимоли ва Австралия низ бурдаанд. Ҳамчун гиёҳи дустор ва баъзе кишварҳои Европа ва ИҶШС (Украина, вил.Воронеж) мекоранд. Дар ҶШС Тоҷикистон дар ҳама ҷо (ба ғайр аз Помири Шарқӣ) паҳн шудааст.
Хосиятҳои шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Барги Б. ҷуъзи таркибии доруи астматол ва астматин буда, дар амалияи тибби муосир барои муолиҷаи зиққи нафас ва ғ. истифода мешавад. Банҷ алкалоидҳои заҳрноки гиосциамин, атропин ва скополамин дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Linnaeus C. Species Plantarum (лот.): Exhibentes plantas rite cognitas ad genera relatas — 1753. — Ҷ. 1. — С. 179.
- ↑ Информация о виде : Hyoscyamus niger L.. catalogueoflife.org. 2 феврали 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 феврали 2020.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Банҷ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Википедия:Мақолаҳои биологӣ бо шаблони таксономии намерасида
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Статьи без ссылки на Викивиды
- Биологические статьи, где отсутствует перенаправление с латинского названия таксона
- Шаблонҳо:Мақолаҳои хурд аз гиёҳшиносӣ