Виктор Баранов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Баранов Виктор Кириллович)
Виктор Баранов
Зодрӯз 11 июн 1901(1901-06-11)
Таърихи даргузашт 26 июл 1970(1970-07-26) (69 сол)
Мансубият
Солҳои хидмат саворанизом[d]
Қисм генерал-лейтенант
Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин ордени Байрақи Сурх Order of Suvorov, 1st class Order of Bogdan Khmelnitsky, 1st class Order of the Patriotic War 1st class Медали «Барои мудофиаи Москва» Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "XX Years of the Workers' and Peasants' Red Army"
 Парвандаҳо дар Викианбор

Баранов Виктор Кириллович (11 июни 1901, деҳаи Шереметовкаи ноҳияи Сизрани вилояти Куйбишеви Русия — 26 июли 1970, Днепропетровск, Украина) — арбоби низомӣ, генерал-лейтенант (1945), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Академияи ҳарбии ба номи М. Фрунзе (1937). Яке аз муборизони фаъоли зидди босмачигарӣ дар Тоҷикистон мебошад. Солҳои 1930—1935 сардори мактаби полки савораи тоҷик буд, забони тоҷикиро хуб медонист. Солҳои ҶБВ (1941-45) дар вазифаҳои баланди роҳбарии Артиши Шӯравӣ хидмат карда, то дараҷаи командири корпус расидааст. Корпуси мазкур таҳти роҳбарии Виктор Баранов соли 1945, дар ҳайати Ҷабҳаи якуми Украина ҳангоми гузаштан аз дарёи Элба, корномаи бемисле нишон дода, барои фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамла ба Берлин нақши муҳим бозидааст. Баъди пирӯзии ҶБВ дар вазифаҳои гуногуни низомию давлатӣ дар Украина кор кардааст.

Ордену ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ленин, Суворов, медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Герой Советского Союза. Краткий биографический словарь. М., 1987.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]